Шурӯъ аз 1-уми май дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, ки минтақаи шимоли Тоҷикистонро бо марказ мепайвандад, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ мешаванд.

Тавре маркази матбуоти филиали IRS дар Тоҷикистон хабар медиҳад, маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Аз соати 10:00 то 20:00 ҳаракати ин навъи нақлиёт дар роҳ манъ карда мешавад.

“Икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати ҶТ «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад”, - қайд мешавад дар маълумоти ширкат.

Гуфта мешавад, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нашудани талаботи мавҷуда, ки ба ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн дахл дорад, вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд ва зарурати таъмири кулли аксар минтақаҳои роҳ ба миён омадааст.

Зикр мешавад, ки чунин иқдом на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксари мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.