Дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶТ имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 24-уми апрел фаро мерасад. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои уламо раиси он Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор дошт.

Аъзои Шӯрои уламо пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис дар Маркази исломии Тоҷикистон чунин қарор қабул карданд:

- Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 21000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 525 сомонӣ закот дода мешавад.

- Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ муайян карда шавад.

- Бо назардошти вазъи кунунӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад.

- Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2020 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.

Тақвими моҳи шарифи Рамазон-2020 дар ин матлаби нашркардаи Маркази исломии Тоҷикистон дастрас аст.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19), Шӯрои уламои Тоҷикистон аз 18-уми апрел баргузории намозҳои ҷамоат – панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳро дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият манъ карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.