Як сокини ВМКБ бо дархости боздошти болоравии нарх ба маҳсулоти ғизоӣ дар тамоми қаламрави Бадахшон ба раиси вилоят Ёдгор Файзов муроҷиат кард. Муроҷиатномаи ӯро дар шабакаи иҷтимоии Facebook дигар сокинони вилоят дастгирӣ карданд.

Корбари шабака Рашид Раҷабович дар саҳифаи худ дар гурӯҳи Pamirnews чунин навиштаро нашр кард: “Муҳтарам раис Ёдгор Файзов. Сокинони ВМКБ бо дархости боздошти болоравии нарх ба маҳсулоти ғизоӣ дар тамоми қаламрави вилоят ба шумо муроҷиат мекунанд. Тайи ду моҳи охир савдогарони бозорҳо нархи маҳсулоти ғизоӣ, маҳз арзиши маҳсулоти ҳаётан муҳим (орду равған, ширу тухм, сабзавот ва ғайра)-ро беасос ва хеле зиёд боло мебаранд”.

Дар ин навишта қайд мешавад, ки “дар сурати таваҷҷуҳ зоҳир нашудан аз ҷониби ҳукумат, то ба ифоқа овардани вазъи нархи маҳсулоти ғизоӣ, мардум мувофиқи қонун ба ташкили гирдиҳамоӣ ҳуқуқ дорад”.

Рашид Раҷабович инчунин илова кардааст, ки “айни замон вазъ дар Русия хеле бад буда, дар робита ба коронавирус муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор баромада, пул ба даст оварда наметавонанд, то ки ба оилаҳои худ ба Помир фиристанд”.

“Мо, сокинони ВМКБ, аз ҳукумат пулу маҳсулоти ройгон намепурсем, ҳарчанд дар давлати муътадил, ки дар бораи мардум ғамхорӣ мекунанд, ҳамин тавр рафтор мекунанд. Мо ҳамагӣ дархост дорем, ки ба ин ҳолат дахолат карда, болоравии беасоси нархҳоро боздошта, ин беқонуниро зери назорат гиред. Ҳамчунин талаб дорем, шахсоне, ки бо истифода аз ин вазъи душвор аз ҳисоби мардум пули бедардимиён кор карданианд, аз рӯйи қонун ҷазои сахт дода шаванд. Хеле умедворем, ки шумо ҷасуриву инсондӯстӣ ва ватандӯстии худро зоҳир карда, ин гуна риоя нашудани қонунҳоро бозмедоред”, - қайд мешавад дар муроҷиати корбар.

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо ин корбари шабакаи иҷтимоии Facebook тамос гирифт ва ӯ хабар дод, ки айни замон дар бозорҳои вилоят орд 248-250 сомонӣ (қаблан – 195 сомонӣ), картошка – 5,50-7 сомонӣ (4-5 сомонӣ), сабзӣ – 2,5-3 сомонӣ (2 сомонӣ), пиёз – 5 сомонӣ (3 сомонӣ), шир – 6-7 сомонӣ (5 сомонӣ) нарх доранд.

1/2

Дар ҳамин ҳол, бо дастури раиси вилоят Ёдгор Файзов дар назди ҳукумат ситоди доимӣ барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозори марказии шаҳри Хоруғ таъсис дода шудааст.

“Ҳамарӯза се маротиба – субҳу нимаи рӯз ва бегоҳӣ нархи маҳсулот аз ҷониби гурӯҳи корӣ санҷида мешавад. Дар сурати нодида гирифтани огоҳӣ, нисбат ба соҳибкороне, ки бо истифода аз фурсат нархҳоро боло мебаранд, чораҳо андешида мешаванд. Онҳо ҷарима хоҳанд шуд. Айни замон нархҳо дар бозори Хоруғ мисли дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ боло мераванд ва намояндагони ситод баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал чораандешӣ мекунанд”, - хабар доданд аз ҳукумати шаҳр.

Қобили зикр аст, ки болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ натанҳо дар ВМКБ, балки дар дигар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе низ ба мушоҳида мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.