Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия (эмгузаронӣ) дар Тоҷикистон рӯзи душанбе оғоз шуда, то 26-уми апрел идома меёбад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика хабар доданд, эмгузаронӣ танҳо ба кӯдакон дахл дошта, онҳо наздики 10 навъи ваксинаҳоро барои муқовимат ба бемориҳои сироятӣ мегиранд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар ин вақт ҳафтаи иммунизатсия мегузарад, ки таҳти сарпарастии дафтари минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) доир мегардад.

Ҳадаф аз баргузории ин маърака ба ҷуз иммунизатсия, баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ дар бораи нафъу афзалиятҳои ваксина унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки аввали ҳафтаи равон дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҶТ бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар он қайд гардид, ки мавзӯъи имсолаи Ҳафтаи аврупоии иммунизастсия “Соли байнулмилалии хизматрасонии ҳамшираҳои тиб ва момодояҳо” мебошад, ки он аз ҷониби СҶТ тандурустӣ  эълон карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.