Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд шаби аз 20 ба 21-уми апрел боз як нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтидааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев хабар дод, Абдухалил Ҷӯрабоев, сокини 56-солаи деҳаи Гулафшони ҷамоати Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов дар беморхонаи Ғӯлакандоз аз илтиҳоби шуш (пневмония) фавтидааст.

“Муддати 4-5 рӯз бо таби баланд дар хона будааст. Рӯзи 13-уми апрел ба табибон муроҷиат карда, 14-уми апрел дар беморхонаи Ғӯлакандоз ба карантин гирифта шуд. Аз 15-уми апрел ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) пайваст шуда буд. Соати 00.10-и шаби 21-уми апрел фавтид”, - иброз дошт Маъруф Ҳоҷибоев.

Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳор дошт, ки Абдухалил Ҷӯрабоев аз бемории роҳҳои нафас азият кашида, дигар бемориҳои кӯҳна низ дошт ва моҳи апрели соли 2019 ҷарроҳӣ шуда буд.

Вай афзуд, ки марҳум Абдухалил Ҷӯрабоев ба хориҷи кишвар сафар накарда буд.

“Давоми 3 моҳи соли 2020 дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 24 кас аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 17 нафар баробар буд”, - қайд кард Ҳоҷибоев.

Ба гуфтаи ӯ, санҷиши хона ба хонаи ҳамаи ҷамоату шаҳру ноҳияҳо оғоз шудааст. Зимнан дар касе ҳатто агар шакли сабуки бемориии роҳҳои нафас ошкор шавад, ӯро бистарӣ карда, боқимонда ба карантин гирифта мешаванд.

Зикр шуд, ки айни замон 687 нафар дар минтақаҳои карантини вилояти Суғд қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.