Ҳавопаймо имрӯз, 22-юми апрел аз Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ба Италия парвоз кард. Дар ин бора як манбаъи муътамади “Азия-Плюс” хабар дод.

“Соати 5:30 дақиқаи субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” бо хатсайри махсус парвоз кард, то ки 792 ҳазор дона ниқобҳои тиббиро ба шаҳри Веронаи Италия расонад. Тавре огаҳӣ ёфтем, қаблан корхонаи “Ҷавонӣ” дар вилояти Суғд ва ҶДММ “САТМ” (Италия) дар бораи истеҳсол ва таҳвили 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ бо Италия созиш ҳосил кардаанд. Онҳо қисман ба Италия бурда мешаванд”, - гуфт манбаъ.

Вай афзуд, ба ӯ маълум нест, ки ин ҳавопаймо шаҳрвандони дар Туркия дармондаи Тоҷикистонро бо худ меорад ё не.

Дар ҳамин ҳол, аз маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар доданд, ки ҳавопаймо дар Туркия фуруд намеояд.

“Ҳавопаймо мустақиман ба Итолиё парвоз мекунад”, - хабар доданд аз маркази матбуоти ин ширкат.

Ёдрас мекунем, чанде қабл шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар дармондаанд, ба унвони раисҷумҳур бо дархости кумак барои баргаштани онҳо ба ватан мактуб навиштанд. Дар нома қайд мешавад, ки онҳо чандин маротиба ба мақомоти марбутаи Тоҷикистон, ВКХ, сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Туркия муроҷиат карданд, вале посух нагирифтанд.

Қобили зикр аст, ки 210 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия ва зиёда аз 90 тоҷикистонӣ дар Ҳиндустон дармондаанд. Ҳукумат мегӯяд, масъала мавриди баррасӣ қарор дорад, аммо кай анҷом додани парвози ҳавопаймо ба ин самтҳо номаълум аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.