Соҳибкорони шаҳри Хоруғ тасмим гирифтанд, ки нархи иҷораи нуқтаҳои фурӯши худро 30% поин мебаранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Хоруғ хабар доданд, қарори поин бурдани нархи иҷораи нуқтаҳои фурӯш ташаббуси худи соҳибкорон аст.

Ба иттилои манбаъ, дар баъзе ҳолатҳо савдогарон маҳсулотро аз деҳқонон арзонтар харида, бо арзиши баландтар мефурӯшанд, ки боиси болоравии нархҳо дар бозор мешавад.

“Бо назардошти ин ҳолат, бо дастури раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар бозори Хоруғ ва дигар бозорҳои вилоят барои деҳқонон гӯшаҳои махсус ташкил карда шуд. Дар онҳо кишоварзон маҳсулоти худро мустақилона бе миёнаравон фурӯхта метавонанд”, - қайд карданд дар ҳукумат.

Дар ҳамин ҳол, барои устувор нигоҳ доштани нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар вилоят, бо супориши Файзов ситоди доимӣ таъсис дода шуд. Дар сурати нодида гирифтани огоҳӣ, нисбат ба соҳибкороне, ки бо истифода аз фурсат нархҳоро боло мебаранд, чораҳо андешида мешаванд. Онҳо ҷарима хоҳанд шуд.

“Айни замон нархҳо дар бозори Хоруғ мисли дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ боло мераванд ва намояндагони ситод баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал чораандешӣ мекунанд”, - хабар доданд аз ҳукумати шаҳр.

Қобили зикр аст, ки болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ натанҳо дар ВМКБ, балки дар дигар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе низ ба мушоҳида мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.