Сабаби марги омӯзгори тарбияи ҷисмонии литсей барои кӯдакони лаёқатманди №1 алҳол номаълум аст. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло натиҷаҳои ташхисро нагирифтаанд.

Ду рӯз пеш дар Душанбе омӯзгори тарбияи ҷисмонии литсейи №1 Хуршед Каримови 60-сола аз олам даргузашт.

“Натиҷаҳои ташхис ба дастамон расад, дар ин бора ба ВАО хабар медиҳем”, - гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои ВАО, рӯзи чоршанбе аз волидон дархост кардаанд, ки фарзандонашонро ба хонаҳо баранд ва литсей, ки дар он Каримов кор мекард, ба карантин бастаанд.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки дар литсей ҳеҷ гуна карантин нест ва дарсҳо идома доранд.

“Литсейе, ки дар он Хуршед Каримов дарс медод, бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад. Таҳсили хонандагон мувофиқи барномаи таълимӣ идома дорад”, - хабар дод котиби матбуотии вазорат Эҳсони Хушбахт.
Сурат: хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ низ машғулиятҳо мувофиқи барномаи таълимӣ ҷараён доранд.

Корманди масъули Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобоев ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки марҳум Хуршед Каримов 60-сола буд.

“Дар ягон муассисаи таълимии кишвар карантин ҷорӣ нашудааст. Вазорат ҷиҳати пешгирии паҳншавии беморӣ ҳамаҷониба чора меандешад. Дар ҳамаи макотиби таҳсилоти умумӣ ва олӣ, инчунин муассисаҳои томактабӣ меъёрҳои санитарӣ риоя мешаванд. Хонандагон ба машғулиятҳо бо ниқоби тиббӣ меоянд, доир ба тадбирҳои бехатарӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд”, - иттилоъ дод ӯ.

Ӯ қайд кард, ки айни замон дар ҳамаи муассисаҳои таълимии пойтахт корҳои безараргардонӣ (дезинфеския) гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.