Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва кӯдакистонҳои пойтахти Тоҷикистон таътили муваққатӣ эълон шуд, ки аз 27-уми апрел то 10-уми май давом меёбад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Чунин қарор бо мақсади пешгирии эҳтимоли паҳншавии коронавирус қабул шудааст: дар ҳамаи мактабу кӯдакистонҳо тӯли ин муддат корҳои безераргардонӣ (дезинфексия) гузаронида мешаванд.

Ин дастур ба мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ дахл надорад.

Дар мактабу кӯдакистонҳои дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ эълон шудани таътили ғайринавбатӣ алҳол маълум нест.

Чанд шабонарӯзи охир дар кӯчаю хиёбон, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, нишастгоҳи боғҳо ва ҳавлии хонаҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.

Дар Тоҷикистон айни замон оид ба далелҳои сирояти коронавирус расман хабар дода нашудааст. Лекин мақомот баҳри пешгирии он тадбирҳо меандешанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.