Дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон карантин ҷорӣ нашудааст, аммо баъзе маҳдудиятҳо амал мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти пойгоҳ хабар доданд, ҷиҳати роҳ надодан ба сирояти хизматчиёни ҳарбӣ дар қаламрави пойгоҳ чораҳои пешгирӣ татбиқ мешаванд.

Яке аз тадбирҳо ин аст, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ берун рафтан аз ҳудуди пойгоҳ маҳдуд шудааст.

Дар Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, шумори беморони илтиҳоби шуш ва фавти одамон аз он меафзояд.

Тибқи маълумоти манбаъҳои мо, якчанд беморхонаҳои пойтахту вилоятҳо ба реҷаи карантин гузаронида шудаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон нисбатан ором аст: агар дар семоҳаи аввали соли 2019-ум 5192 нафар гирифтори илтиҳоби шуш (пневмония) гардида бошанд, дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳамагӣ 5023 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2004 дар заминаи дивизияи тирандози ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қарордошта таъсис дода шуд. Айни замон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷи ин кишвар маҳсуб меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.