Давоми моҳҳои январ-марти соли равон 140 нафар аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон кӯч бастаанд, ки 28,6% аз ҳаҷми умумии кӯчбастагони хориҷиро ташкил медиҳад.

Тавре Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон хабар медиҳад, шумори умумии кӯчбастагони хориҷӣ ба Ӯзбекистон дар ин давра ба 490 нафар баробар аст: аз Қазоқистон – 167 нафар, Тоҷикистон – 140, Русия – 96 ва Қирғизистон – 35 кас.

Манбаъ: Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон

Дар ҳамин ҳол, шумори аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кӯчбастагон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 15 нафарро ташкил додааст. Ин теъдод 0,8% аз ҳаҷми умумии касонеро (1 906 нафар) ташкил медиҳад, ки тӯли моҳҳои январ-март аз Ӯзбекистон ба дигар кишварҳои хориҷӣ кӯч бастаанд: ба Қазоқистон – 1 234 нафар, Русия – 557, Қирғизистон – 18 ва Исроил низ – 18 кас.

Манбаъ: Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.