Наздикону пайвандони шоири маъруфи тоҷик ва сардабири маҷаллаи “Паёми Суғд” Озарахш (Толиб Карим) мегӯянд, ӯ шифо ёфта, пас аз анҷоми карантин ба хона бармегардад. Дар ин хусус Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

"Ин хабари хушро расонед, падарам шифо ёфтанд", - гуфтааст Шоҳона, фарзанди калонии Озарахшу Фарзона рӯзи 28-уми апрел ба радио.

Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки модараш, шоираи саршиноси тоҷик Фарзона бемор нест ва барои нигоҳубини падараш дар беморхона меистод.

“29-уми апрел  аз замони дар бемористон будани онҳо 14 рӯз мегузарад. Умед дорем, ки онҳоро ба хона ҷавоб медиҳанд", - гуфтааст ӯ.

Озарахшу ҳамсараш – Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона 15-уми апрел барои муоина ва табобат дар беморхонаи ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ шуданд. Ташхиси табибон нишон дод, ки Озарахш ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудааст.

Озарахши 57-сола аз соли 2015 сардабири маҷаллаи “Паёми Суғд” мебошад. Соли гузашта ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон сазовор дониста шуд. Маҷмӯаҳои ашъори «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир», «Девони Ишқ», «Ватаннома» ва боз чанде аз дигар китобҳо ба қалами Озарахш тааллуқ доранд.

Фарзона 56-сола буда, аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Соли 1996 бо унвони Шоираи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Муаллифи бисёр маҷмӯаҳои ашъор аст, ки дар байнашон «Тулӯи хандарез», «Ояти ишқ», «Қатрае аз Мӯлиён», «Сӯзи нотамом»-ро метавон ном бурд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.