Тоҷикистон аз Олмон 27 дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ (ИВЛ) харида, ояндаи наздик он ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, қарордод дар ин хусус байни ширкатҳои “Сифат-Фарма”-и Тоҷикистон ва “Ловенштен”-и Олмон ба имзо расидааст.

Дар Вазорати тандурустӣ қайд карданд, ки бо фарорасии фурсати қулай дастгоҳҳо базудӣ ба Тоҷикистон расонида мешаванд, лекин айни замон роҳи ҳавоӣ баставу анҷоми ин кор душвор аст.

Зикр шуд, ки ба ҷуз дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, боз 95 навъи маводу таҷҳизоти тиббии дастрасшуда ба Тоҷикистон интиқол меёбад.

“Ин маводу таҷҳизот аз ниқобу сӯзандору, либоси муҳофизатӣ барои табибон ва ғайра иборат аст. Вобаста ба воридшавии маблағҳо, хариди маводи доруворӣ идома дорад. Захираи дорувории мо имрӯз кофист, вале дар сурати зарурат боз онҳоро харида метавонем”, - афзуд манбаъ.

Дар Вазорат доир ба маблағи масрафшуда барои харидани дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ маълумот надода, танҳо қайд карданд, ки ин маблағ аз буҷети давлатӣ ҷудо шуд.

Васоити ахбори умум менависанд, ки маблағи умумии ин шартнома 11 миллион сомониро ташкил медиҳад.

ҶДММ “Сифат-Фарма” аз соли 2017 дар бозори доруфурӯшии Тоҷикистон фаъолият мекунад, зикр шудааст дар торнамои ин ширкат.

Гуфта мешавад, самти асосии фаъолияти он фурӯши доруворӣ ва ашёи тиббӣ мебошад. Дорухонаҳои он дар тамоми ҷумҳурӣ мавҷуданд

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.