Вазъи солимии адиб Муҳиддин Хоҷазоди 82-сола муътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи наздик ба оилаи нависанда хабар дод.

“Ӯ ҳоло ҳам дар  беморхонаи вилоятии Суғд бистарӣ мебошад”, - хабар дод манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 28 апрел ҳамсари нависанда аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) вафот кардааст.

“Синни ӯ аз 70-сола боло буд. Фишори баланд дошт.  Дар хонаи онҳо корҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд”, - хабар дод дӯсти ин оила.

Ёдрас мекунем, ки қаблан адиб бо писараш Алишер Хоҷаев, ҳар ду бо бемории илтиҳоби шуш дар беморхона бистарӣ шуда буданд.

Нависанда ва драманавис Муҳиддин Хоҷазоди зиёда аз 12 асари бадеӣ, як силсила филмҳои бадеӣ ва телевизионӣ, чанд намоишномаи театрӣ эҷод кардааст Гулчини ҳикояву қиссаву романҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Ба ҷойи узр» (1965), «Нони ҳалол» (1970), «Нишони муҳаббат» (1974), «Об – рӯшноӣ», «Нанг ва номус» «Роҳи Роғун дигар аст», «Кӯҳ бе варта нест» дастраси хонандагон гардида, филмномаҳои «Оташи зери хокистар», «Асрори ниёгон», «Сайди охирин» ва «Ошёни уқобон»  пешкаши ҳамагон гардидаанд.

Солҳои охир ба эҷоди драма ҳам шуғл варзидааст. Драмаи аввалинаш «Об – рӯшноӣ» соли 1985 дар Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский саҳнагузорӣ шудааст. Баъдан драмаҳои «Бандаи нафс», «Офат», «Самаки Айёр», «Фалакро ҳар назар аз роҳи кин аст», «Саодати васл», «Садди Сайҳун» -ро ба қалам овардааст, ки чанде аз онҳо сазовори ҷоизаҳо гаштаанд.

«Романи сегона», романҳои «Ҳастӣ ибрат аст» ва «Аз нишебӣ то фарозиҳо» ба қалами Муҳиддин Хоҷазод тааллуқ доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.