Дар Тоҷикистон вобаста ба сатҳи паҳншавии сирояти COVID-19 имкон дорад, аз 72 ҳазор то 230 ҳазору 500 нафар ба шакли вазнини бемории коронавирус гирифтор шаванд.

Дар "Барномаи вокуниши фаврӣ доир ба COVID-19 дар Тоҷикистон"-и Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон метавонад аз 13 ҳазору 600 то 43 ҳазору 500 ҳолати гирифторӣ ба шакли шадиди беморӣ сабт шуда, имкон дорад, аз 6 ҳазору 600 то 21 ҳазор фавт ба қайд гирифта шавад.

Гуфта мешавад, тадбирҳое ба мисли ҷудо нигоҳ доштани шахсони гирифтори беморӣ дар шароити хона, карантини ихтиёрии хонагӣ, фосилагирии иҷтимоӣ барои ҳамаи аҳолӣ ва гурӯҳҳои бештар осебпазири он – шахсони синни аз 70-сола боло, қатъи фаъолияти мактабу донишгоҳҳо ва дигар чораҳо метавонанд аз 3 ҳазору 200 то 10 ҳазору 300 ҳодисаи фавт ва аз 6 ҳазору 600 то 21 ҳазору 300 ҳолати шадиди сироятёбиро пешгирӣ кунанд.

Қобили зикр аст, ки барои татбиқи ин лоиҳа Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ аввали моҳи апрел маблағгузории грантиро дар ҳаҷми 11,3 млн доллар аз ҳисоби Ассосиатсияи байнулмилалии рушд тасдиқ карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.