Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” субҳи имрӯз, 1-уми май аз фурудгоҳи Душанбе ба самти шаҳри Франкфурти Олмон парвоз кард.

Тавре сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад, дар парвози бозгашт шаҳрвандони дар Олмон бо сабабҳои гуногун дармондаи Тоҷикистон ба ватан оварда мешаванд.

“Дар ин робита ба маълумоти ҳамаи тоҷикистониён расонида мешавад, ки агар ба ватан баргаштанӣ бошанд, то соати 11:00 (ба вақти Олмон) ба фурудгоҳи шаҳри Франкфурт ҳозир шаванд. Билетҳо мустақиман дар фурудгоҳ пеш аз парвоз фурӯхта мешаванд”, - огоҳ мекунад сафорат.

Барои дарёфти маълумоти бештар дар ин хусус хабарнигори “Азия-Плюс” ба ВКХ Тоҷикистон муроҷиат карда, аз Вазорат хабар доданд, ки ҳамаи ҷузъиёти парвоз муайян ва дар ин бора иловагӣ маълумот дода мешавад.

Ҳамчунин як манбаъ дар ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ки бо ин ҳавопаймо 27 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) ва 95 навъи маводи тиббӣ, ки ширкати “Сифат-Фарма” аз Аврупо харидорӣ кард, ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.