Ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории Covid-19 расман эълон шуданд.

Ба ҳолати шоми 3-юми май дар муассисаҳои табобатии мамлакат 3084 нафар зери назорати табибон қарор дошта, 128 кас бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор гардиданд. Ҳамзамон 2 ҳолати фавти шаҳрвандон аз бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар як шабонарӯзи охир 274 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шуданд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо раиси ҳайати мудирони Бемористони байнулмилалии Ибни Сино Абдухалил Холиқзода дар бораи чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии минбаъдаи бемории мазкур гуфтугӯ кард.

- Ба назари шумо, ҳоло мақомот барои таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҳҷизот ва лавозимоти зарурӣ бояд кадом чораҳоро андешад?

- Бо назардошти он ки марзҳо бастаанд, ҳукумат бояд таъминоти васоили ҳифозати шахсӣ, доруворӣ, василаҳои масрафӣ ва таҷҳизоти тиббиро бо назардошти эпидемия ва ниёзи бемористонҳо таъмин бикунад. Дар ҳолати камбуди васоили ҳифозати шахсии кормандони тиб, онҳо худашон сироят меёбанд ва камбуди шадиди нерӯи инсонӣ пеш меояд. Дар ҳолати набудани дору ва масрафиҳо аз дасти пизишкон коре намеояд ва маризон ба авориз дучор хоҳанд шуд.

Дар ин ҳол давлат бояд бемористонҳои хусусиеро, ки ба муборизаи зидди бемории Covid-19 шарик мешаванд, аз пардохти ҳама намуди молиёт озод кунад. Ҳамчунин тамоми дорую васоили тиббӣ фавран аз боҷи гумрукӣ ва дигар молиёт озод карда шавад.

- Бемористони байнулмилалии Ибни Сино имрӯз бо кадом таҳҷизоти тиббӣ таъмин аст? Ба кадоме аз онҳо эҳтиёҷ доред? Кӣ ва чӣ тавр бемористони шуморо бо дастгоҳу ашёи зарурӣ (ниқоб, либосҳои корӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ)) таъмин мекунад?

- Бемористони байнулмилалии Ибни Сино барои қабули маризони сироятӣ тарроҳӣ нашудааст. Бемористони сироятӣ аз даромадгоҳаш сар карда, то бахшҳояш тарроҳии махсус мехоҳад. Мо аз рӯзи 15-уми апрел ба омодашавӣ сар карда, як қатор бозсозиро анҷом медиҳем, то дар ҳоли қабули беморони уфунӣ кормандон сироят нашаванд. Мо ба дӯзандагиҳо либоси ҳифозатӣ ва моск супориш додем. Умедворам, ба зудӣ омодагии аввалия ба охир расад. Вале мо камбуди таъминот дорем ва ин масъаларо дар вохӯрӣ бо вазорати тандурустӣ матраҳ карданӣ ҳастем. Тест барои ташхиси Covid-19 надорем. Хушбахтона, бемористон бахши муҷаҳҳази эҳё дорад, ки дорои дастгоҳҳои навини нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) аст, вале дар ҳоли қабули маризон ба таъмини васоили масрафии ИВЛ ва тестҳои озмоишгоҳӣ ниёз хоҳем дошт.

Бемористони байнулмилалии Ибни Сино аз ҷиҳати персонал дар ҳоли эпидемӣ омодагӣ надошт, вале тамоми кормандони мо омодаанд, ки ду баробар кор кунанд ва ҷони мардумро наҷот диҳанд. Бубинем, чӣ тавр хидмати онҳоро ҷуброн карда метавонем.
Абдухалил Холиқзода
Акс аз Facebook

- Тибқи маълумоти мо, кормандони соҳаи тиб, алалхусус, мутахассисони бемориҳои сироятӣ дар беморхонаҳои кишвар кофӣ нестанд. Оё баланд бардоштани моҳонаи кормандони соҳаи тиб дар шуъбаҳое, ки бо гирифторони коронавирус кор мекунанд, пешбинӣ шудааст?

- Албатта, касоне, ки дар бахшҳои хатарнок кор мекунанд, бояд ҷубронпулӣ бигиранд. Мо ҳатман саъй мекунем, ки персонал аз дастмуздашон розӣ бошанд. Табиист, ҳар корманде, ки сироят мешавад, ба таври ройгон ба пуррагӣ табобат карда мешавад.

- Оё номбар карда метавонед, ки мақомот дар ояндаи наздик кадом чораҳоро бояд биандешанд?

- Ростӣ, мушкилоти кории худам зиёд аст ва бояд кори худамро анҷом диҳам. Ҳар кас бояд дар ин марҳалаи ҳассос кори худашро хубу саривақт анҷом диҳад.

- Пешгӯии шумо оид ба шумораи сирояти коронавирус дар оянда чӣ гуна аст?

- Бубинед, ин вирус дар ҷомеа рафт ва бо назардошти гузарандагии хеле болояш ба зудӣ паҳн мешавад. Шояд дар ду-се моҳ 60-80% мардум олуда шаванд. Пешбинии Бонки Ҷаҳониро хондам ва муттаассифона, бо ҳамон мувофиқам. Бисёр мехостам, ки он пешбинӣ хато барояд.
Ин вирусро 85 фисади одамон хеле ба осонӣ аз сар мегузаронанд, бинобар дар ҳоли бурузи аломатҳои он аз қабили ҳарорати баланди бадан, беҳолӣ, сулфаи хушк ва ғайра набояд ба таҳлука афтод, балки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ худро кунҷнишинӣ кард, то наздикон олуда нашаванд ва бо пизишк тамос гирифт. Ин беморон метавонанд бо тавсияи мутахассисон табобатро дар хона бигиранд.
Абдухалил Холиқзода
Акс аз бойгонии шахсӣ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.