Вазорати нақлиёт овозаҳои боздошта шудани ҳаракати нақлиёти мусофирбарро байни маркази кишвар ва минтақаҳо рад мекунад.

“Ҳанӯз оид ба банд кардани ҳакракати васоити наклиёт миёни шаҳри Душанбе ва ВМКБ тасмим гирифта нашудааст. Овозаҳо оид ба баста шудани рафтуомади нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Душанбе низ асос надоранд. Равуои ҳам васоити нақлиёти мусофирбар ва ҳам дигар васоити нақлиёт бемайлон таъмин аст”, - қайд шудааст дар хабари сомонаи Вазорат.

Гуфта мешавад, корҳо оид ба пешгирии касалиҳои сироятӣ, аз қабили безараргардонии васоити нақлиёти мусофирбар ва терминал бо антисептикҳо ҳамарӯза гузаронида шуда, иҷрои онҳо зери назорати қатъӣ мебошад.

Таъкид мешавад, ки ронандагон муваззаф шудаанд, бидуни ниқоб ба мусофирбарӣ машғул нашаванд.

Илова бар ин, зикр мегардад дар маълумот, вобаста ба пешгирии касалиҳои сироятӣ ҳамарӯза ронандагон аз муоинаи духтур мегузаранд ва ба онҳо дарсҳо ва машғулиятҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.