Кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон сабабҳои болоравии нархро ба маводи дорувории тиббӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор додаанд.

Пас аз эълони расмии ошкор шудани коронавирус дар Тоҷикистон арзиши маводи тиббии зиддивирусӣ дар ҷумҳурӣ бамаротиб боло рафт.

Сокинони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят доранд, ки доруворӣ, бахусус, маводи зиддивирусӣ аз қабили Арбидол, Эргоферон, Анаферон, Виферон дастнорас шуда, нархашон дар баъзе шаҳрҳо 3-4 баробар гарон шудааст.

Ғайр аз ин, менависанд корбарон, арзиши дигар доруворӣ низ хеле афзудааст. Онҳо аз сохторҳои дахлдор пурзӯр кардани назорати дорухонаҳоро талаб доранд.

Дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки масъалаи болоравии арзиши маводи доруворӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст.

“Воқеан ҳам дар чанде аз дорухонаҳо арзиши баъзе маводи доруворӣ боло рафтааст. То кадом андоза асоснок будани онро мутахассисони мо меомӯзанд. Пас аз муътадил шудани вазъ дар бозорҳои маводи ғизоӣ, ҳамаи имконоту воситаҳо ба ин самт – омӯзиши нарх дар дорухона ва маводи тиббӣ равона шудаанд. Мутахассисони мо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо машғули коранд, то ки вазъиятро омӯхта, аз болоравии сунъии нархҳо ба маводи доруворӣ пешгирӣ карда шавад”, - хабар доданд аз дафтари матбуоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Зикр шуд, ки баъд аз омӯзишу таҳлили вазъият ва баргузории рейдҳо, дар бораи сабабҳои болоравии нарх ба доруворӣ ва шумори шахсони дар ин робита ба ҷавобгарӣ ҷалбшуда иловагӣ маълумот дода мешавад: "Касоне, ки нархро боло мебаранд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.

Дар ҳамин ҳол, сардухтури муассисаи давлатии «Беморхонаи  касалиҳои сирояткунандаи  шаҳрии кӯдакон»  Мунира Каримова дар мусоҳиба ба АМИТ “Ховар” изҳор доштааст: “Ҳеҷ гуна зарурат вуҷуд надорад, ки мо пешакӣ  доруҳои зиддивирусӣ  ва антибиотикҳоро харида, захира намоем”.

“Одамон бо чунин амали хеш ба шахсони воқеан ниёзманд  норасоии доруҳои номбурдаро эҷод мекунанд. Гузашта аз ин, ба ҳеҷ ваҷҳ бе ташхиси табиб ва дорухати ӯ  аз чунин давоҳо набояд истифода намуд.  Ин на танҳо  фоида  намерасонад, балки ба ҷисми солим зиён низ меоварад», - шарҳ додааст мутахассис.

Табиб тавсия додааст, ки имрӯз одамон дар мадди аввал бояд бо роҳи табиӣ масунияти худро сироятнопазир намоянд, яъне ҳамарӯза истеъмоли ғизои солим, инчунин меваҷот ва сабзавот муҳим буда, ҳамзамон меъёри ҳаррӯза нӯшидани оби соф низ набояд фаромӯш шавад.

Картошка арзон мешавад!

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамчунин иттилоъ доданд, нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, аллакай муътадил шуда истодааст.

“Масалан, ҳосили нави картошка нархи онро дар бозорҳо поин бурда, ба ҷойи 10-15 сомонии пешина акнун як килои онро метавон бо 4-5 сомонӣ харид. Бо расидани ҳосили нави маҳсулоти маҳаллӣ, нарх дар бозорҳо муътадил мешавад”, - хабар доданд аз дафтари матбуоти Хадамот.

Лекин, қайд карданд дар Хадамот, арзиши маҳсулоти воридотӣ ба маҳдудияти содирот дар кишварҳои содиркунанда вобаста аст.

“Айни замон кишварҳои содиркунанда пеш аз ҳама бозори худро таъмин карда, барои як давраи муайян маҳсулот захира мекунанд ва танҳо пас аз ин ба содирот рӯ меоранд. Масалан, Қазоқистон ордро бо квота содирот мекунад. Ба Тоҷикистон то моҳи август 200 ҳазор тонна орд ҷудо шудааст. Ҳозир дар бозорҳои мо камбуди орд вуҷуд надорад, вале бо сабаби мушкил дар воридот, нархҳо каме боло рафтанд. Ғайр аз ин, бархе аз соҳибкорони беинсоф нархро дидаву дониста, беасос боло мебаранд, аммо онҳо ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд”, - гуфтанд дар Хадамот.

Таъкид шуд, ки мувофиқи супориши сарвари давлат, сохторҳои қудратии кишвар низ масъалаи болоравии сунъии нархҳоро зери санҷишу назорат қарор медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.