Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва се муовинаш - Маҳмадалӣ Ватанзода, Дилрабо Мансурӣ ва Қодири Қосим тасмим гирифтанд, ки маоши якмоҳаи худро ба ба суратҳисоби фонди маблағгузории пешгирӣ аз вируси сироятии COVID-19 гузаронанд.

Тавре дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дигар вакилони Маҷлиси намояндагон як қисми маоши моҳонаашонро ба ин суратҳисоб интиқол хоҳанд дод.

Ёдрас мекунем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ музди меҳнати моҳонаи худро ба суратҳисоби мазкур гузаронид. Ҳайати раҳбарии ВКД-и кишвар 50%-и маоши моҳонаашонро ба ин суратҳисоб гузарониданд.

Раисони вилоятҳои Хатлону Суғд Қурбон Ҳакимзода ва Раҷаббой Аҳмадзода низ маоши якмоҳаи худро ба хазинаи мубориза бо COVID-19 гузарониданд. Ҳамчунин кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як қисми маоши худро ба ин хазина интиқол медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, дар бисёре аз вазорату идораҳои Тоҷикистон, бахусус, мансабдорони қаторӣ дар ташвишанд, ки маъракаи гузаронидани маош ба суратҳисоби махсус барои онҳо “ихтиёрӣ-маҷбурӣ” мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.