Имрӯз бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба 300 нафар табибон, кормандони миёнаи тиб, ҳайати хизматрасон ва онҳое, ки ба маъракаи мубориза бо COVID-19 дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ҷалб гардидаанд, маводи озуқа дастрас карда шуд.

Раиси вилоят бо изҳори сипос аз фаъолияти табибоне, ки софдилона баҳри ҳифзи сиҳҳатии аҳолӣ заҳмат мекашанд, таъкид кардааст, ки бинобар афзоиш ёфтани ҳаҷми кор, зарурати таъмини шароити арзандаи фаъолият, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо ба миён омадааст. Дар ин бора шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст.

Қурбон Ҳакимзода ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастур додааст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҷиҳати саривақт ва дар навбати аввал гирифтани маоши моҳона, инчунин кумакпулиҳои иловагӣ ва дигар навъҳои дастгирии кормандони соҳаи тиб фавран тадбир андешанд.
1/4

Чунин кумаки ғизоӣ, ки аз орд, биринҷ, равған, картошка ва пиёз иборат буд, ба 100 нафар табибону ҳамшираҳои шафқати Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар дастрас гардид. Ҳамчунин ба 117 нафар табибони Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб расонида шуд.

1/4

Қурбон Ҳакимзода қаблан дастур дода буд, ки ба кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон, аз ҷумла, ба духтурони маълумоти олидор 500 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 400 сомонӣ ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тиббӣ ба андозаи 300 сомонӣ кумакпулӣ дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.