Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ соҳибкорон ба сохтани кабинаҳои безараргардонӣ (дезинфексионӣ) оғоз карданд, ки аз онҳо метавон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бемористону мактабҳо ва фурӯшгоҳу корхонаҳо истифода кард.

Фазлидддин Аҳмадов, роҳбари корхонаи “Файз” дар Хуҷанд ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки барои ба истеҳсол мондани ин дастгоҳҳо онҳо айни замон аз Вазорати тандурустӣ иҷозатномаро интизоранд.

Онҳо барои беморхонаҳо лозиманд

“Дастгоҳи мо барои беморхонаву бозор, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ғайра лозим аст. Табибони мо бо ин вирус мубориза бурда, паҳлӯи беморон доимо дар тамос қарор доранд. Ҳарчанд корҷомаи муҳофизатӣ дошта бошанд ҳам, безараргардонии либос зарур мешавад. Зеро дар вақти кашидани либос ҳам хатари сироятёбӣ вуҷуд дорад”, - мегӯяд Аҳмадов.

Ба гуфтаи соҳибкор, чанд моҳ пеш вақте коронавирус тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, онҳо тасмим гирифтанд, ки чунин дастгоҳ месозанд:

“Дидем, ки дар Ухан ва дигар шаҳрҳои Чин чунин дастгоҳҳо насб шуда, одамон бо ёрии онҳо либосашоно безарар мегардонанд”.

Безараргардонӣ ба таври автоматӣ ҷараён мегирад

Онҳо ду навъи кабинаҳоро сохтаанд, ки гаронаш 5 ҳазор сомонӣ ва арзонаш 1,5 ҳазор сомонӣ нарх дорад.

“Ҳангоме ки шахс ба дохили кабина медарояд, он ба таври автматӣ ба кор даромада, безараргардонӣ оғоз мешавад. Пас аз ин шумо бе ҳарос ба хона рафта, фарзандонатонро ба оғӯш гирифа метавонед, - мегӯяд Аҳмадов. - Дар як вақти кор ин дастгоҳ 100 касро безарар гардонида метавонад. Баъд аз ин онро боз бо маҳлул (зарфи 30-литра) пур кардан лозим аст. Маҳлул ҳам дар ҳамин корхона фурӯхта мешавад”.

Ҳамеша ба ҳамкорӣ омодаем

Кабинаҳои безараргардонӣ дар Хуҷанд истеҳсол мешаванд, аммо ширкати “Файз” омодаи ҳамкорӣ бо шахсонест, ки ин гуна дастгоҳро дар дигар шаҳру навоҳии кишвар истеҳсол карданиянд.

“Агар интиқоли дастгоҳ аз Хуҷанд ба ВМКБ ё вилояти Хатлон душвор афтад, мо ба ҳамкорӣ бо соҳибкорон аз ин минтақаҳо омодаем. Мо бо қисмҳои эҳтиётӣ ёрӣ расонида, тарҳи дастгоҳҳоро пешниҳод мекунем, то ки онҳо мустақилона истеҳсоли онро дар минтақаҳои худ ба роҳ монанд”, - қайд кард Аҳмадов.

Ба гуфтаи истеҳсолгарон, зимни фурӯши 2 кабина, онҳо омодаанд, сеюмашро аз номи худ ба бемористону муассисаҳои тиббӣ, ки аз ҳама бештар ба чунин дастгоҳҳо ниёз доранд, ройгон тақдим кунанд.

Ба қавли Аҳмадов, ширкати ӯ ҳамчунин рӯйи сохтани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо кор бурда истодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.