Бо эълони расмии ошкор шудани коронавирус дар Тоҷикистон аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ донистан мехоҳанд, ки муолиҷаи коронавирус дар кишвар пулакӣ аст ё ройгон? Бо ин суол мо ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат карда, ҳамчунин бо як табиб ва шахси бемори коронавирус ҳамсуҳбат шудем.
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки табобати бемории коронавирус дар кишвар бепул аст.
“Ҳамаи гирифторони COVID-19 дар беморхонаҳои Тоҷикистон бепул муолиҷа мегиранд. Аз онҳо барои кат (ҷой), доруворӣ, табобат ва хизматрасонӣ маблағ талаб карда намешавад. Маводи тиббие, ки ба сифати кумаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, мувофиқи шумори гирифторони коронавирус ба беморхонаҳое, ки дар онҳо чунин беморон бистариянд, тақсим шуда, онҳо бо ин мавод ройгон табобат мегиранд”, - хабар доданд аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ.
Табиби яке аз беморхонаҳои пойтахт, ки дар он беморони коронавирус бистариянд, хабар дод, ки на ҳамаи маводи тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ таъмин мешавад.
“Бо ворид шудани миқдори зиёди кумаки башардӯстона Вазорат таъмини беморхонаҳоро бо маводи тиббӣ беҳтар кард, аммо ин на ҳамаи воситаҳо барои табобати беморон мебошад. Тақрибан 60-70%-и доруворӣ ва маводи тиббӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ таъмин мешавад, маводи тиббии асосӣ мебошад. Худи беморон асосан маводи ёридиҳандаро барои тақвияти бадан ва баланд бардоштани сироятнопазирӣ (иммунитет) мехаранд. Рӯйхати доруҳои иловагиро маъмулан ба бемороне пешкаш мекунем, ки ба харидории он аз ҳисоби худашон изҳори омодагӣ мекунанд”, - хабар дод табиб.
Ба гуфтаи як бемори гирифтори коронавирус, ҳамаи доруҳоро ӯ аз ҳисоби худаш харидааст, лекин дар хона муолиҷа мегирад.
“Вақте аломатҳои коронавирусро ҳис кардам, ба дармонгоҳ муроҷиат кардам. Ташхиси маро дарди гулӯ гузошта, табобат таъин карданд. Вале аҳволам бад шуда, ба духтури шинос муроҷиат кардам. Пас аз муоина ӯ гуфт, ки ман ба бемории коронавирус гирифтор шудаам. Ӯ ба ман доруворӣ таъин кард. Акнун дар хона табобат мегирам ва аллакай худро беҳтар ҳис мекунам. Барои доруворӣ ва маводи тиббӣ 800 сомонӣ сарф кардам. Аммо фикр мекунам, ки ин ҳоло охири кор нест. Табиб гуфт, ки баъд аз ин таъинот боз доруҳои дигар менависад. Агар муолиҷа шуда бошам, танҳо барои тақвияти организм, вале агар табобат наёфта бошам, муолиҷаро бо реҷаи дигар идома медиҳам”, - хабар дод сокини пойтахт, ки пайи табобати бемории COVID-19 аст.
То 9-уми май дар Тоҷикистон 612 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, бар асари ин беморӣ 20 нафар фавтиданд.
Маълумот дар бораи ҳолати рӯзи 10-уми майро Вазорати тандурустӣ мунташир накардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.