Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ба фонди мубориза бо коронавирус равона шудани қисме аз музди меҳнати омӯзгорон маълумот нашр шуд. “Азия-Плюс” бо мақсади равшанӣ андохтан ба ин масъала ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муроҷиат кард.

Дар маркази матбуоти Вазорат изҳор доштанд, ки дар ин хусус аз ҷониби ин ниҳод ҳеҷ амру дастур содир нашудааст.

“Ба омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар муроҷиат карда, гуфтанием, ки агар маоши шуморо надоданд ё қисме аз онро барои мубориза бо коронавирус нигоҳ доштанд, хоҳиш мекунем, ба телефони боварии Вазорат: 227-76-86 занг занед”, - хабар дод котиби матбуотии Вазорат Эҳсони Хушбахт.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки маблағ барои маоши муаллимон ва кормандони соҳаи маориф на аз ҷониби Вазорати маориф, балки аз тарафи мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ҷудо карда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз аз омӯзгорон дар бораи пардохт нашудани музди меҳнат ё қисме аз он ба Вазорат ягон арзу шикоят ворид нашудааст.

“Маҳз барои ҳамин мо қаблан эълон кардем, ки музди меҳнати омӯзгорон пурра пардохт мешавад”, - таъкид дошт Эҳсони Хушбахт.

Як манбаъ аз Вазорати маориф дар ин робита зикр кард, ки масъалаи вобаста ба маоши омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифро шахсан вазир назорат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.