Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев рӯзи 13-уми май дар маросими расмии супоридани кумаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон иштирок кард.

Тибқи қарори ҳукумати ин кишвар, бо мақсади расонидани кумаки башардӯстона аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна орд оварда шуд.

Сертификати бори мазкурро сафири Қазоқистон ба муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев супорид.

Дар суханронии худ сафир қайд кард, ки Қазоқистон ҳамасола ба мардуми бародари Тоҷикистон кумаки башардӯстона мерасонад. Ҳаҷми умумии он аз соли 2006 инҷониб зиёда аз 38 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.


Дар навбати худ Соҳибҷон Зиёдуллоев бо изҳори сипос қайд кард, ки ҷониби Тоҷикистон кумакҳои ҳукумати Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.