Дармонгоҳи сайёр дар қаламрави варзишгоҳи “Бофанда”-и шаҳри Душанбе, ки сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист, охири ҳафта аввалин беморонро қабул мекунад.

Айни замон дар ин ҷо корҳои васли дармонгоҳ ба шабакаи обу корез ва шабакаи барқи шаҳр ҷараён доранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи шаҳрдории Душанбе хабар доданд, наздики 300 нафар коргарону мутахассисон ва 30 адад техника дар ин ҷо шабонарӯзӣ фаъолият доранд.

“Раёсати тандурустии шаҳр ҳайати кормандони дармонгоҳ – табибону ҳамшираҳои шафқат, санитарҳо ва кормандони техникиро интихоб ва муайян кард. Инчунин таҷҳизоти дахлдор, доруворӣ, воситаҳои муҳофизат ва дигар лавозимоти зарурӣ ҷудо шуд”, - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, 7-уми май президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳукумати ин кишвар дастур дод, ки ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 144 контейнери мобилии тиббӣ (дармонгоҳи сайёр) фиристода шавад. Контейнерҳо барои ҷойгиркунӣ ва муолиҷаи беморони коронавирус субҳи 8-уми май бо қатора ба Душанбе оварда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.