Чанде пеш дар доираи татбиқи ташаббусҳои иҷтимоӣ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Озода Раҳмон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара кумаки моддӣ расонид.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара 100 кати тиббии хоб, 100 кӯрпача бо 100 болишти пахтагӣ, дар маҷмӯъ 100 рахти хоб, супорида шуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин Озода Раҳмон ният дорад, ки  ҳафтаи оянда  беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои мамлакатро, ки ба доруворӣ ниёз доранд, ба маблағи умумии 115 ҳазор сомонӣ бо маводи зарурии доруворӣ таъмин намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.