Ширкати тоҷикистонии “Лесинвест” аз ҳисоби маблағҳои худ аз Ӯзбекистон 8 мошини ёрии таъҷилии тамғаи Damas Ambulance харид.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” корманди ширкати “Лесинвест”, менеҷери фурӯшгоҳи автомобилҳои «RAVON» Ҳайдаршоҳ Носирзода хабар дод.


Қаблан дар сомонаи CentralAsia хабар мунташир шуда буд, ки мошинҳои мазкур бо мақсади кумак ба беморон дар давраи пандемияи коронавирус аз ҷониби ширкати UzAuto Motors ба Тоҷикистон дода шудаанд.

“Дар асл мошинҳоро мо харидем, - мегӯяд Носирзода. - Роҳбарияти ширкати “Лесинвест” ният дорад, ки минбаъд онҳоро ба ихтиёри муассисаҳои тиббии Тоҷикистон диҳад”.

Қобили зикр аст, ки ширкати “Лесинвест” намоянда (дистрибютер)-и расмии автомобилҳои тамғаи «RAVON» дар Тоҷикистон мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.