Полковник Саидмухтор Беков 63 сол дошт. Ӯ рӯзи 14-уми май дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз пайвандони марҳум хабар дод.

Беков муддати як ҳафта инҷониб дар бемористон бистарӣ шуда, аз бемории COVID-19 табобат мегирифт. Панҷ рӯз пеш аз маргӣ ӯ бародараш – Сайғуфрони 55-сола низ аз ин беморӣ фавтида буд.

Боз як бародараш – Саидҷаъфари 48-сола бо ташхиси коронавирус айни замон бистарии бемористон аст.

Номи Саидмухтор Беков моҳи августи соли 2015 расонаӣ шуд. Он замон кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ӯро бо далели шайъӣ ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд дастгир карданд. Ӯ ба 10 соли зиндон маҳкум шуда, охири соли гузашта мавриди авф қарор гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.