Дар Тоҷикистон доруҳои Арбидол, витамини С, Азитромитсин, Анаферон, Атсикловир, Плаквенил, Сифтриаксон камёфт шуданд. Хабарнигори “Азия-Плюс” аз 10 дорухона боздид карда, ҳатто ҳароратсанҷ пайдо карда натавонист...

Аз оғози моҳи апрел фавти одамон бо аломатҳои хеле монанд ба коронавирус сар шуд. Сабаби онҳоро ҳукумат бемории илтиҳоби шуш мегуфт. Одамон бовар накарда, ба захираи доруворие, ки барои мубориза бо коронавирус заруранд, даст заданд.

“Мо кор карда истодаем, чунки ҳоло карантин эълон накардаанд. Корро аз даст доданӣ нестем, лекин сирояттёбӣ аз беморӣ осон аст. Дигар ин ки дар беморхонаҳо аллакай ҷой нест, ҳатто беморони вазнинро қабул намекунанд. Намедонам, дар чунин ҳолат чӣ кор кунам. Беҳтараш пешакӣ доруворӣ захира кардан лозим аст”, - мегӯяд Маҳбуба, сокини шаҳри Душанбе.

Ин бесарусомонӣ ба он оварда расонид, ки доруворӣ дар рафи дорухонаҳо намонд. Ҳамзамон доруҳои боқимонда бо нархи гарон фурӯхта мешаванд.

Масалан, агар Арбидол (10 дона ҳаб) пештар наздики 20 сомонӣ арзиш дошт, имрӯз (агар пайдо кунед) бо нархи қариб 200 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар Хуҷанд арзиши Плаквенил то 1000 сомонӣ ҳам расид. Ин навъи дору асосан барои шахсони калонсол пешбинӣ шудааст, ки аз коронавирус сироят меёбанд.

“Ин бесарусомонӣ ба захираи орду равған аз ҷониби одамон монанд аст. Ягон бозор омода нест, ки ҳама дар як вақт танҳо як маҳсулотро харанд”, - изҳор дошт Камолиддин Сафарализода, мутахассиси Хадамоти назорати давлатии фаъолияти дорусозӣ дар Тоҷикистон.

Ҳукумат аз фаровонӣ ва мубориза мегӯяд

Рӯзҳои охир дар шабакаҳои телевизионӣ хабар медиҳанд, ки ҳамаи дорвории зарурӣ ба Тоҷикистон оварда шудааст. Дуруст аст, ки ҳамагӣ як мисол намуна оварда мешавад.

Рӯзи 7-уми май ширкати дорусозии “Ориёнфарм” бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ доруворӣ харид, ки бо хатсайри чартерии ширкати “Сомон Эйр” ба Душанбе оварда шуд.

Сурат: Asia-Plus

Дар хабари расмӣ маълумот дода шуд, ки ин доруворӣ барои мубориза бо пандемияи коронавирус пешбинӣ шудааст, аммо дар бораи навъи маводи доруворӣ, маблағ ва миқдори он иттилооти саҳеҳ дода нашуд. Дар шаҳрдорӣ таъкид карданд, ки маводи доруворӣ ба ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо шарти тақсими бепул ба ниёзмандон супорида мешавад.

Тариқи ҳамин шабакаҳо камбуди доруворӣ чунин шарҳ дода мешавад, ки гӯё доруфурӯшон нархро ба таври сунъӣ боло мебаранд. ВКД баҳри ошкор кардани чунин ҳолатҳо баргузории амалиёти “Дорухона”-ро шурӯъ кард. Аммо дар ин ҷо низ танҳо як ҳолат нишон дода шуд, ки давоми як рӯз дар Душанбе 5 далели сунъӣ боло бурдани нархи доруворӣ ошкор шудааст.

Бино ба маълумоти милитсияи пойтахт, зимни рейд дар дорухонаҳои “Ориёнфарм” ва “Азиз-вако” 95 ҳаб (капсула)-и “Арбидол”, миқдори зиёди “Батферон”, “Анаферон” ва “Сиклоферон” мусодира шуданд, ки бо нархи гарон фурӯхта мешуданд.

Дар мавриди ин масъала дигар маълумот дода нашуд.

Фурӯшандагон мегӯянд, дору аслан нест

Ба гуфтаи доруфурӯшон, дар анбори ширкатҳои таъминкунанда маводи тиббӣ нест.

“Масалан, мо 100 дона Сифтриаксон фармоиш диҳем, ба мо ҳамагӣ 30 дона медиҳанд. Мувофиқи шартнома бо ширкатҳои таҳвилгар – «Сифат-Фарма», «Ориёнфарм» ва «Восток-фарм», болои нархи яклухт мо ба мисли пешина 30% илова карда метавонем. Аммо ҳозир доруворӣ ҳам аллакай бо нархи болорафта оварда мешаванд”, - мегӯяд Манучеҳр, як доруфурӯш аз Душанбе.

Фаридун, молики дорухонаи дигар тасдиқ мекунад, ки ахиран воридоти ҳамаи дорувории зиддивирусӣ кам шудааст.

“Дар баъзе кишварҳо коронавирусро бо Гидроксихлорохин ва Азитрометсин муолиҷа мекунанд. Агар ҳозир дарёфти Азитрометсин имкон дошта бошад, пас Гидроксихлорохин аллакай ду моҳ инҷониб ворид намешавад”, - қайд кард ӯ.

Ба гуфтаи Камолиддин Сафарализода, 90%-и маводи доруворӣ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла, аз Русия ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

“Айни замон дар саросари ҷаҳон дорувории зиддивирусӣ намерасад. Бо фармони президенти Русия баровардани маводи тиббӣ барои бемориҳои роҳҳои нафас, ниқоб ва ғайра аз ин кишвар манъ аст. Ширкатҳое, ки ба Душанбе доруворӣ меоранд, тариқи воситаҳои худ бо ширкатҳои дорусозӣ мувофиқа ҳосил карда, рӯзи 20-уми апред бо мошинҳои боркаши ҳомили доруворӣ аз Русия ба роҳ баромаданд. Имрӯзҳо ду мошин бояд ба Душанбе ва яктои дигар ба Хуҷанд бирасанд”, - иброз дошт Сафарализода.

Ин маълумотро Камолиддин Сафарализода рӯзи 6-уми май ба “Азия-Плюс” хабар дода буд. Баъдан барои навсозии маълумот мо бо ӯ дигар тамос гирифта натавонистем.

Қобили зикр аст, ки мо якчанд рӯз кӯшиш кардем, бо ширкатҳои таҳвилгари доруворӣ ба Тоҷикистон тамос бигирем. Ин ширкатҳо “Сифат-Фарма” ва “Ориёнфарм” мебошанд. Аммо вақте ба роҳбарони онҳо занг мезанем, бо фаҳмидани суол дар бораи сабаби камбуди доруворӣ дар дорухонаҳо ва кай ворид шудани миқдори нави доруворӣ, зуд гӯшии телефонро мегузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.