То шоми 17-уми май шумори ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба 1524 нафар расид. Дар ин хусус Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус covid.tj хабар додааст. Дар портал қайд шудааст, ки шумори фавтидагон аз коронавирус (COVID-19) ба 39 нафар расидааст.

Ин нишондод бештарин шумори фавт дар қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад. То дирӯз аз ин лиҳоз Қазоқистон дар зинаи аввал буд, ки теъдоди фавтидагон дар он 34 нафар буд. Ҳамзамон дар Қирғизистон – 14 ва Ӯзбекистон – 12 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, дар Туркманистон ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Аммо бисёре аз коршиносон эътимоднокии ҳисоби фавтидагонро дар кишварҳои пасошӯравӣ зери шубҳа мегузоранд. Ҳафтаи гузашта нашрияҳои Financial Times ва New-York Times матолибе нашр карданд, ки мувофиқи он, шумори фавтидагон дар Русия аз маълумоти расмӣ метавонад 70% зиёдтар бошад.

Дар Тоҷикистон ҳисоби алтернативии фавтидагон дар торнамои kvtj.info роҳандозӣ шудааст. Субҳи 18-уми май дар рӯйхати ин сомона 245 нафар фавтидагон зикр шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қайд мекунад, ки маълумот дар ин сомона носаҳеҳ буда, омори вазорат дуруст аст ва танҳо ба он бовар кардан лозим аст.

Бо вуҷуди афзоиши ҳамарӯзаи шумори беморон ва фавтидагон, Тоҷикистон то ҳол аз роҳандозии тадбиҳои пешгирӣ, ба мисле ки дар кишварҳои ҳамсоя ба назар мерасанд, худдорӣ мекунад. Нақлиёти ҷамъиятӣ серодам буда, сокинони ҷумҳурӣ ҳар вақте хоҳанд, бемалол аз хонаҳояшон ба берун баромада метавонанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар кишвар танҳо як озмоишгоҳ мавҷуд аст, ки доир ба сирояти коронавирус ташхис гузаронида метавонад. Ин озмоишгоҳ ба санҷиши то 250 тест дар як рӯз қодир аст. Бо ин иқтидор, барои санҷиши сирояти ҳадди ақал 1%-и аҳолӣ қариб 400 рӯз лозим аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.