Рӯзҳои 18-19 май дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда, дар бештари ноҳияҳо (ба истиснои ВМКБ) боронҳои хусусияти селдошта борида, раъду барқ ба амал меояд ва боридани жола аз эҳтимол дур нест.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар дарёҳо эҳтимоли баландшавии якбораи сатҳи об пешгӯйӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии НТМ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ба вуҷуд омадани зуҳуроти сел пешгӯйӣ мешавад.

Ҳарорат 6-8 дараҷа поин рафта, обуҳаво доим тағйир меёбад ва суръати вазиши шамол аз ғарб баъзан то 13-18 метр дар як сония мерасад.

Дар  шаҳри Душанбе обҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво шабона 11+13 ва  рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ низ чунин вазъи обуҳаво пешгӯйӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат  ва раъду барқ пешгӯйӣ мешавад. Ҳаво  шабона то 11 ва рӯзона 25 дараҷа гарм мешавад.

Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони кӯтоҳмуддат борида, дар шарқи вилоят боришоти начандон зиёд пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари боришоти чанд рӯзи пеш дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон селу лойқа фаромада, ба манзил ва заминҳои кишт осеб расонид. Дар ин ноҳия 2 нафар ҳалок шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.