Дар шаҳри Уфаи Русия байни коргарони иншооти гаронтарини тайи солҳои охир – сохтмони шоҳроҳи мошингард хуруҷи коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Нашрияи «Ъ-Уфа» бо истинод ба бахши минтақавии Роспотребнадзор хабар медиҳад, ки 13 нафар зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон дар бемористони шаҳрии №18 бистарӣ шуданд. Гуфта мешавад, ки аввалин беморонро ҳанӯз 5-уми май ошкор карда буданд.

“Доираи шахсоне, ки сироятёфтагон бо онҳо алоқа доштанд, муайян гардида, ба 177 нафар дар мавриди худро ҷудо нигоҳ доштан (гӯшанишинӣ) таъинот дода шудааст. Ҳамаи онҳо дар яке аз хобгоҳҳо (хостел)-и Уфа ҷойгир шудаанд”, - хабар додааст манбаъ.

Ин мардон дар ҶДММ “Лимакмаращавтодороги” кор мекунанд, ки ба ҳайати Limak Group-и Туркия шомил аст. Айни замон кори онҳо мутаваққиф шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.