Аз ҳудуди 50%-и кормандони муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешаванд, ба рухсатии бемузд баромадан дархост шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ дар шаҳрдории пойтахт хабар дод.

Ин қарор дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус дар шаҳр қабул шудааст.

Ба иттилои манбаъ, танҳо роҳбарони хадамоти шаҳр ва мутахассисони зарурӣ дар кор боқӣ мемонанд.

“Қарори мазкур ба хадамоте, ки барои шаҳр ҳаётан муҳиманд, аз ҷумла кормандони тиббӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи энергетика, хадамоти обрасонӣ, таъмини санитария, ҷамъоварии партовҳо ва кормандони раёсати истифодабарии роҳу кӯча ва хиёбонҳо дахл нахоҳад дошт", - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан шаҳдории пойтахт хабар дода буд, ки то 16 май дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус аз 863 ҳазор нафар сокинони шаҳр зиёда аз 512 ҳазор нафар хонанишинанд.

Карантин 403 ҳазору 570 нафар омӯзгорону донишҷён ва хонаагони мактабҳо, кормандону тарбиятгирандагони муассисаҳои таълими томактабии шаҳри Душанберо фаро гирифт.

Дар ҳамин ҳол, бо дастури президент, ҳамаи муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо дар ҷумҳурӣ ба реҷаи шабонарӯзии фаъолият гузаронида мешаванд.

Зимни суханронӣ назди роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ Эмомалӣ Раҳмон якчанд тадбирҳоеро номбар кард, ки бояд дар кӯтоҳтарин фурсат роҳандозӣ гарданд, то ки аз паҳншавии минбаъдаи коронавирус пешгирӣ шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.