Дармонгоҳи сайёр, ки дар варзишгоҳи “Бофанда”-и пойтахт сохта шуд, комилан муҷаҳҳаз ва ба қабули беморон омода аст.

“Вазорат моро бо тамоми маводи зарурии тиббӣ барои муолиҷаи беморони коронавирус таъмин карда, инчунин ба табибон аз дигар кишварҳо ниёз надорем, - мегӯяд сардухтури ин дармонгоҳ Маҳмадулло Қосимов. - Табибони мо аллакай таҷрибаи кофӣ андӯхта, аз уҳдаи муолиҷаи беморон ба хубӣ мебароянд”.

Алҳол маълум нест, ки дар ин дармонгоҳ беморони COVID-19 ё шахсони гумонбар ба сироят аз он қабул карда мешаванд. Дар ин дармонгоҳ ба табобат фаро гирифтани то 1 ҳазор беморон имконпазир аст.

Ёдрас мекунем, ки 144 вагон бо контейнерҳо бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои ин дармонгоҳ аз ҷониби президени кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.