То шоми рӯзи 22 май шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 2 ҳазору 551 нафар расид.

Тавре Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус хабар медиҳад, давоми як шабонарӯз дар кишвар боз 201 ҳолати нави сироят ба қайд гирифта шудааст.

Шумори фавтидагон аз ин беморӣ мисли пешин – 44 нафар аз оғози эълони эпидемия боқӣ мемонад.

Тамоми ин муддат дар ҷумҳурӣ 1089 нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд. Айни замон дар бемористону дармонгоҳҳои кишвар 3151 нафар зери муоинаи табибон қарор доранд.

Дар бораи аввалин 15 нафар шахсони сироятёфта – 10 нафар дар вилояти Суғд ва 5 нафар дар Душанбе рӯзи 30 апрел хабар дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.