Бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор оилаҳои камбизоат, инчунин маъюбони шаҳри Душанбе ба маблағи умумии 2,5 сомонӣ беш аз 500 тонна маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.

Тавре дафтари матбуотии шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, кумак аз орду биринҷ, равған, макарон ва дигар хӯроквории мавриди ниёзи аввал иборат аст.

Гуфта мешавад, кумаки яквақта бо маводи ғизоӣ дар остонаи Иди шарифи Рамазон расонида шудааст.

Рустами Эмомалӣ аз раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони корхонаву ташкилот ва соҳибкорону тоҷирон даъват кард, ба муносибати Иди Рамазон оилаҳои камбизоат ва маъюбонро дастгирӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.