Фаъолони шабакаи иҷтимоии Facebook рӯйхати табибонеро, ки тариқи телефон ҷиҳати бепул машварат додан ба беморони диабети қанд омодаанд, тартиб доданд.

Дар ин бора Фарангис Шарифзода дар саҳифаи фейсбукии худ хабар медиҳад.

“Дар чунин шароити душвор барои ҳамаи тоҷикистониён мо бояд муттаҳид шуда, ба беморони диабети қанд кумак кунем, ки ба иллати ҳарос аз сироятёбӣ айни замон ба кӯчаву шаҳр намебароянд. Ҳозир ёрии шумо ба онҳо хеле зарур аст”, - навиштааст вай.

Дар ин робита дар Facebook, Instagram ва Однокласники рақами телефонҳои табибон- эндокриногҳо, ки кумак карда метавонанд, нашр шудааст.

“Ин ҷо рақами телефонҳои табибон-эндокринологҳо оварда мешавад. Ташаккури зиёд ба табибоне, ки даъвати моро дастгирӣ карданд! Барои заҳмати душвори фидокоронаатон ба хотири мардуми Тоҷикистон сари таъзим фуруд меорем. Худро эҳтиёт кунед”, - илова кардааст Фарангис Шарифзода.  

Маркази ҷумҳуриявии эндокринологии шаҳри Душанбе:

Абдураҳмонов Амриддин Абдуваҳҳобович - 988068387

Музаффаров Фирдавс Бобоевич - 918689992

Тӯронова Дилафрӯз Ориповна - 901088485

Маркази шаҳрии эндокринологии Душанбе:

Масаидова Лола Рамзиевна - 918644464 

Ҳамрокулова Зебо Содиқовна - 000066464

Маркази шаҳрии саломатии №13

Боймуродова Машҳура Қаҳҳоровна  - 919224802

Маркази шаҳрии саломатии №7

Исмоилова Шаҳло - 93 9001301

Беморхонаи Роҳи оҳан

Гулрухсори Зафар  - 934473690

Маркази шаҳрии саломатии №9

Қурбонова Саодат - 918 200403

Ваҳдат

Шокиров Умед  - 908080675

Шарипов Мансур  - 907549797

Рӯдакӣ

Мамадҷонов Абдулло - 907919022

Ҳисор

 Шокиров Орифҷон  - 935968616

Регар

Воҳидов Фарход  - 900461166

Бохтар

Бекназаров Фарҳод  - 918437321

Чунин шуморида мешавад, ки беморони диабети қанд ба сирояти COVID-19 хеле осебпазиранд ва зимни гирифторӣ ба он хавфи ба ҳолати вазнин дучор шудани онҳо эҳтимоли зиёд дорад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, беш аз 10%-и фавт аз COVID-19 ба шахсони дорои бемориҳои дилу раг, наздики 7-8% - ба беморони диабети қанди дараҷаи 2-юм, 2-5% - ба дигар гирифторони бемориҳои вазнини узв ва низомҳои дохилӣ рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.