Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор моҳи хуруҷи вируси тоҷдор барои пешгирии офати даҳшатовар чораҳои зарурӣ амалӣ намуд. Вале дар шароити равобити глобалӣ куллан дар иҳотаи пандемия мондан басо мушкил аст. Ҳанӯз аз ибтидои омодагиҳо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти мадад дароз карданд. Аз ҷумла, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (АКДН) яке аз нахустин ташкилотҳои хориҷӣ барномаҳои муфидро пешкаш намуд. Дар мавриди барномаҳо ва вазъи кунунии мубориза бо коронавирус Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (АКДН), сафир Қозидавлат Қоимдодов ба чанд савол посух дод.

- Муҳтарам Қозидавлат Қоимдодович, солҳои тӯлонӣ Шумо ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ ва сафорати чанд кишвар ифои вазифа кардед. Сараввал ба ҳайси дипломати собиқадор ва ба сифати Намояндаи Доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (АКДН) вазъи умумии эпидемологиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Имрӯз ҳамаи давлатҳои абарқудрат эътироф карданд, ки инсоният ба чунин офати бузург омода набуд. Шабакаи ҳифзи тандурустии пешсафи Амрико, Аврупо ва Осиё ба монанди Британия, Исроил, Олмон Шветсия, Ҳиндустон ва як қатор давлатҳои ИДМ, ки дар соҳаи тиб пешравиҳои азим доштанд, ба талафоти калон дучор шуданд. Навтарин технологияи тибби муосир садди роҳи офат нашуданд. Ҳамзамон ҳанӯз даҳ сол қабл авҷи томгароӣ (глобализатсия) ва равобити давлатҳо дар доираи иттиҳодияҳо (Иттиҳоди Аврупо, СҲШ, БРИКС, Итҳоди Авруосиё) хеле қавӣ гардид. Равобит ва муҳоҷирати озоди одамон низ хеле сода ва осон шуд. Табиист, ки тӯфону вирус марз надоранд. Кишварҳои аъзои ИДМ низ бо муборизаи нобаробар вирусро истиқбол гирифтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи имкониятҳои иқтисодӣ аз рӯзҳои аввали паҳншавӣ барномаи миллӣ таҳия намуд. Пандемияи ҳамагир дар марҳалаи аввал иқтисоди ҷаҳонро ба буҳрон дучор кард. Ин офат раҳм надорад. Ва дар муқобили он “силоҳ” ҳанӯз мавҷуд нест. Ҳамзамон вирус инсониятро ҳушдор дод, ки нисбат ба рушди силоҳу техника ва индустрияи фароғатӣ бояд ба тақвияти соҳаи тандурустӣ бештар диққат диҳад. Фарқияти сифатӣ байни киштиҳои пуриқтидори кайҳонии абарқудратҳо ва дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) баръало намоён шуд. Ҳамзамон вазъ тақозо менамояд, ки соҳаи тибби ҷаҳонӣ ва ҳамаи кишварҳо ба инқилоби технологӣ ниёз дорад. Боз такрор мекунам, ки имрӯз технологияи алоқаи мобилӣ, коммуникатсионӣ, саноати роботсозӣ, бунёди ақли сунъӣ хеле пешрафта бошад ҳам, дар муолиҷаи илтиҳоби шуш ва роҳҳои нафас ҳанӯз технологияи соли 1970 истифода мешавад. Дарси пандемия инсониятро водор мекунад, ки кишварҳо, давлатҳо ҳамкориҳои сифатан нави муфидро роҳандозӣ намоянд. Дар оянда қонунҳои нонавиштаи табиат ва равони ҷомеаро дар ҳолатҳои изтирорӣ ба инобат гиранд.

- Муҳтарам Қозидавлат Қоимдодович, лутфан, дар мавриди тадбирҳои муборизаи АКДН бо коронавирус ҳарф занед.

- АКДН ҳанӯз дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ бо назардошти пайдошавии коронавирус дар ҷаҳон, Ситоди Фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ ва назорати сирояти КОВИД-19 таъсис дод, ки дар он нақша ва чорабиниҳо оид ба пурзӯр кардани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Дар Форуми АКДН барномаи мубориза бо КОВИД-19 ва нақшаи чорабиниҳои фавриро тасдиқ намуд.

Хадамотҳои АКДН, аз ҷумла Фонди Тоҷикистонии Оғохон (AKF), Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ (AKHS), Хадамоти Оғохон оид ба макони зист (AKAH) ҷиҳати пешгирӣ ва пурзӯр кардани мубориза бо коронавирус бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ҳамкориҳоро роҳандозӣ намудаанд. Ҳамаи чорабиниҳои сохторҳои АКДН дар асоси ҳамкориҳо бо Ҳукумат, дастуру пешниҳодҳои СҶТ ва дархости шарикон матраҳ шуданд. Ситоди Фаврӣ тайи шабонарӯзӣ қариб ба чил самти осебпазир, таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Роҳбарияти АКДН нахустин дар Тоҷикистон дар ҳамаи иншоотҳо ва идораҳои лоиҳавӣ, ширкатҳои тиҷоратӣ низоми эҳтиётӣ ва рифоҳӣ ҷорӣ намуд. Дар гузаргоҳҳои хориҷӣ маводҳои зарурӣ, муҳофизатӣ ва безараргардониро таъмин кард. Дар ҳамаи иншоотҳо ва идораҳо ва муҳити атрофи фаъолияти лоиҳаҳо чораҳои безараргардонӣ ҳамарӯза амалӣ гардида истодаанд. Табиист,ки буҳрони эпидемологиро танҳо бо чораҳои тиббӣ аз байн бурдани мушкил аст. Аз ин рӯ, АКДН таваҷҷуҳи сарпарастони хориҷиро барои кумаки молиявӣ ва техникӣ ҷалб намуд. Дар шароити зарурӣ бо дархости мақомоти дахлдор даъвати коршиносону мутахассисон ба Тоҷикистон дар назар аст. Ситод ҳамаи чорабиниҳо ва фаъолиятҳои хешро дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вазоратҳо мувофиқ намудааст. Дар ҷаласаҳои кории Ситоди ҷумҳуриявӣ бо иштироки сарвазир муҳтарам Қоҳир Расулзода, чорабиниҳои Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолӣ ман шахсан ширкат варзидам. Мо дар асоси вазъ ва дархост дар доираи барномаи АКДН тадбирҳои зайлро иҷро намудем:

Хадамоти Оғохон оид ба тандурустии (AKHS) тибқи дархости Раёсати тандурустии ВМКБ барои сафарбар кардани табибон ба дидбонгоҳи марзии Кулма дар сарҳади Тоҷикистон ва Чин хароҷоти сафарро пурра пардохт намуд. Дидбонгоҳи Кулма пурра аз дорувории зарурӣ таъмин шуд. Ҳамчунин ба ихтиёри Раёсат 4 термосканер бо маблағи 1800 сомонӣ, 55 адад либоси махсуси зиддисироятӣ ба маблағи 13750 сомонӣ, 59 айнаки безараркунӣ ба маблағи 5310 сомонӣ харидорӣ карда шуд. AKHS ба маблағи 19852 сомонӣ лавозимот ва таҷҳизоти эҳтиётӣ ба маблағи 97000 сомонӣ ба Раёсати тандурустии ВМКБ супорид. Инчунин, барои табибон шароитҳои мусоиди корӣ фароҳам гардида, техникаҳои мавриди ниёз пурра бо сузишворӣ таъмин карда шуданд. Дар шаҳри Душанбе Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 30 ҳазор адад дастпӯшаку ниқоб дастрас намуд.

Дар маҷмӯъ то имруз мувофиқи дархости Вазорати тандурустӣ ва Раёсати тандурустии ВМКБ миқдори муайяни маводҳои зарурӣ аз тарафи Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 1 милиону 210 ҳазор сомонӣ дар ду марҳила харидорӣ ва ба Раёсати тандурустии ВМКБ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ дастрас карда шудаанд.

Фонди Тоҷикистонии Оғохон (ФТО) дар ҳамкорӣ бо донорҳо азнавтақсимкунии маблағҳо аз ҳисоби лоиҳаҳои ҷорӣ барои самтҳои зеринро оғоз намуд: (1) саҳмгузорӣ дар пешгирии интиқол ва паҳншавии коронавирус дар ноҳияҳои зерҳадафи барномавӣ, (2) саҳмгузорӣ дар таъмини табобати оптималӣ барои ҳама беморон, махсусан маризони шадид дар ноҳияҳои зерҳадаф, ва (3) саҳмгузорӣ дар пасткунии таъсир ба ҷамъият, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, хадамоти иҷтимоӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ дар ноҳияҳои зерҳадаф. Дар доираи маъракаи иттилоотӣ ФТО маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирӣ ва муҳофизат аз коронавирус бо забони тоҷикӣ таҳияшударо дар 26 ноҳияи Тоҷикистон паҳн намуд. Инунин, тавассути Фонди иҷтимоии “Соҳибкорӣ ва рушд” бар асоси озмун 3 соҳибкори хурду миёнаро дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Деваштич бо 450 ҳазор сомонӣ (45,000 доллари ИМФ) бо мақсади таҳия кардани либосҳои муҳофизатӣ аз коронавирус дастгирӣ намуд. ФТО гурӯҳи хонумонро дар деҳоти дурдасти ноҳияи Ишкошим бо ашёи зарурӣ барои омодакунии ниқоб дар ҳудуди 22 ҳазор сомонӣ (2,200 доллари ИМА) маблағгузорӣ кард. Гурӯҳи мазкур, ки бар асоси гувоҳномаи Тоҷикстандарт фаъолият менамоянд, дар як шабонарӯз аз 200 то 300 ниқоб истеҳсол мекунанд. ФТО дар ҳамкорӣ бо Оҷонси Швейтсария оид ба рушд марҳилаи дуввуми лоиҳаи “Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзусиҳат ва макони зист дар минтақаи Рашт” - ро дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Роғун, Сангвор, Лахш ва Файзобод амалӣ менамояд ва тасмим гирифтанд, ки барои пешгирии бемории коронавирус зарур аст, ки беморхонаҳои ноҳиявӣ дар минтақа бо маводу таҷҳизоти тиббӣ бо маблағи 63 ҳазор доллари амрикоӣ дастгирӣ шаванд. 

 Буҷаи умумии нақшавии тасдиқшуда барои амаликунии нақшаи АКДН ҷиҳати мубориза бо коронавирус 4 милиону 22 ҳазор доллари ИМА мебошад, ки 1 миллиону 22 ҳазор доллари ИМА аз ҳисоби Фонди Тоҷикистонии Оғохон ва 3 милион доллари ИМА аз ҳисоби шарикони Фонд мебошад. 

Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (MSDSP) ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва иҷроиши саривақтии супориши фаврии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани майдони кишти картошка то 40 фоиз ба инобат гирифта, дар мавсими ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо донорҳо ба деҳқонон барои дастрасӣ ба қариб 510 тонна тухмии картошка кӯмак кардааст:

Вилояти Хатлон: 75,50 тонна

Вилояти Суғд: 118,780 тонна

ВМКБ: 208 тонна, аз ҷумла 20 тонна тухмии картошкаи элита аз Олмон 

Водии Рашт: 107 тонна

Хадамоти Оғохон оид ба макони зист (АКАН) дар ҳамкорӣ бо донорҳо ва шарикони рушд барои дастгирии Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда ва Мудофиаи Граждании шаҳри Душанбе ва ВМКБ бо таҷҳизоти муҳофизатӣ ва дастгирии моддию техникии коркунони онҳо ва марказҳои карантинии саросари кишвар кор карда истодааст. Хадамот ба Раёсати тандурустии ВМКБ таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ пешниҳод намуд ва бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои муҳими ғизоӣ ва тиббӣ дар тамоми минтақа ҳамкорӣ карда истодааст. Дар маҷмӯъ АКАН 421 ҳазор доллари ИМА барои таъминоти озуқаворӣ ва тиббӣ барои ВМКБ, 800 адад комплекти таҷҳизоти муҳофизатии шахсӣ (PPE), барпо кардани хаймаи калон дар назди Маркази Тиббии Оғохон дар Хоруғ, дастгирии маркази карантин дар Рашт, сӯзишворӣ барои Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулоддаи ВМКБ ва дигар ниёзҳои муҳим, дастгирӣ кардааст. Инчунин, АКАН дар доираи чорабиниҳои фаврии Ҳукумати Тоҷикистон қариб 20 ҳазор таҷҳизот ва лавозимоти эҳтиётӣ барои пешгирии коронавирус ба маблағи 52 ҳазору 349 доллари ИМА дастрас намуд. 

Баъдан низ аз тарафи хадамотҳои АКДН аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои пешгирии коронавирус корҳои зерин амалӣ гардиданд:

Ширкати “Помир Энерҷӣ” 30 ҳазор адад ниқобҳои тиббӣ, 1 адад дастгоҳи нафаскашӣ, 10 адад либоси муҳофизавӣ, 2000 адад дастпӯшаки резинии тиббӣ, 100 литр спирт ва 60кг хлор ба маблағи умумии 295,4 ҳазор сомони харидорӣ намуда, ба Раёсати тандурустии ВМКБ супорид. Инчунин, дар анборҳои Ширкат ба миқдори 5 тонна бензин ва 20 тонна маводҳои хӯрокворӣ аз қабили орд, биринҷ, равған, шакар, чой, намак ва ғайра захира карда мешавад.

Ба ғайр аз ин, Ширкат дар давоми 10 рӯз – аз 12 май то 22 майи соли равон, теъдоди 250 нафар маризон аз оилаҳои ниёзмандро аз ҳисоби худ ба таври ройгон ба маблағи умумии 58 750 сомонӣ дар Маркази Тиббӣ ва Ташхисии Оғохон дар шаҳри Хоруғ аз ташхиси компютери томографӣ гузаронд. Ҳамзамон, тавассути ширкати Памир Энерҷи Ҳукумати ВМКБ ҷиҳати барқарор намудани саломатии 50 нафар духтурони аз карантин баромада, ташкили дамгирӣ ва табобати марҳила ба марҳилаи онҳоро дар давоми 14 рӯз дар шифохонаи Гармчашма ба нақша гирифтааст. Ширкат ӯҳдадор шудааст, ки дар пардохти ҳаққи хӯрокаи онҳо ба маблағи умумии 44 100 сомони саҳми бевоситаи худро гузорад.

Бо иқдоми Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (АКФЕД) ва Ширкати Tcell СМС (паёмакҳо) хабарҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба муштариёни ройгон мунтазам ирсол мешванд. Ҳамзамон, 100 адад либосҳои муҳофизати тиббиро, аз ҷумла 20 ба бемористони марказии низомии Вазорати Мудофиаи ҶТ, 20 ба Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ (Қарияи Боло), 60 адад ба  Беморхонаи клиникии вилояти Суғд тақсим намууданд;

Интернети баландсуръат ба мутахассисони пешбари Маркази онкологии Вазорати тандурустии ҶТ барои Анҷумани XI онкологҳо ва рентгенологҳои СНГ ва Евразия;

Мегабайтҳои иловагӣ ба интернет ба ҳама табибони бемор; 

1,2 млн. сомонӣ ба Хадамоти Оғохон оид ба макони зист барои чораҳои пешгирии КОВИД 19 ҷудо гардид.

Бояд қайд намуд, ки бо дарназардошти вазъияти коронавирус маблағҳои донорҳо ва шарикони рушд, ки АКДН бо онҳо ҳамкорӣ мекунад низ кам шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар робита бо масъалаи мазкур АКДН аллакай ба дафтари марказии худ, ба Имомати Исмоилия ҷиҳати ҷалб намудани воситаҳои моливу пулии бештар аз тарафи Ҷамоати Исмоилияи ҷаҳон муроҷиат намуд. Дар натиҷа, барои харидории доруворӣ, маводи безарадгардонӣ ва таҷҳизотҳои тиббӣ барои пешгирӣ ва муолиҷаи маризони гирифтори касалии КОВИД -19 Ҷамоати Исмоилияи ҷаҳон маблағи 911,860 доллари ИМА ҷудо намудааст ва ин аз тарафи дафтари кории Женева назорат карда мешавад. Дар ҷаласаи навбатии Ситоди Фаврӣ, ки 4 май баргузор гардид, хадамотҳои АКДН вазифадор карда шуданд, ки ин маводҳо ва баъзе таҷҳизотҳоро аз бозори дохилӣ харидорӣ намуда, механизми тақсимоти онҳоро бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ муайян кунанд. АКДН ҳамарӯза дархостҳои дастгирӣ оиди харидорӣ намудани доруворӣ ва таҷҳизотҳо барои пешгирӣ ва мубориза бо коронавирусро аз тарафи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва вилоятҳо қабул мекунад ва минбаъд дар ҳамоҳангсозӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии КОВИД-19 онҳоро баррасӣ менамояд. 

Дар умум аз тарафи хадамотҳои АКДН маблағи беш аз 2.808.250 сомонӣ ва 2.354.920 доллари ИМА барои пешгирӣ ва мубориза бо КОВИД -19 дар Тоҷикистон то ба имрӯз саҳмгузорӣ шудааст. Феълан АКДН ва хадамотҳои он роҳҳои дигарро ҷиҳати ҷалб намудани маблағҳои иловагӣ ва татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо КОВИД 19 бо назардошти имкониятҳо ҷустуҷӯ доранд.

АКДН аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ баҳри пешрафт ва дастгирии Ҳукумати кишвар ҳамчун шарики стратегӣ ва боэътимод барои ҳамкориҳо омода аст. Аз ҳамин лиҳоз, иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кормандони АКДН ва хадамотҳои он низ пайравӣ намуда, маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомониро аз маоши хеш ба суратҳисоби махсуси Ҳукумат барои пешгирӣ аз паҳншавии КОВИД 19 интиқол доданд.

Бори дигар шоҳбайти Саъдии Шерозӣ оламиёнро ба ҳамгироӣ, ҳамзистии комили осоишта ҳидоят мекунад:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Аълоҳазрат Шоҳзода Карим ал Ҳусайнӣ барои муборизаи кулли башарият бо пандемия дар доираи истеҳсоли ваксина 260 ҳазор евро ихтисос додаанд. 

- Муҳтарам Қозидавлат Қоимдодов, баъзе аз расонаҳо ва коршиносон аз мушкилоти идории Тоҷикистон, бахусус андози вазнин, расмиёти изофӣ ва монеаҳои сунъӣ барои фаъолият ёдрас шуда, дар муносибати АКДН ва Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон сардиро эҳсос карданд. Дар ин бора чӣ андеша доред?

- Ба ҳамкории дуҷонибаи муфиди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (АКДН) пас аз ҳафтае расо 25 сол пур мешавад. АКДН дар тӯли 25 сол қадам ба қадам аз лоиҳои башарии ғизоӣ ба ташкил ва бунёди рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, коммуникатсия ва тиҷорати хурду миёна аз ҷониби хадамотҳо лоиҳаҳоро бо маблағҳои АКДН ва грантҳои сарпарастон роҳандозӣ намуд. Хатти сурхи ҳамаи лоиҳаҳо рушди бомаром барои ҳадафи шукуфоӣ мебошад. АКДН кӯшиш ба харҷ дод, ки дар шаҳрвандон ҳавасмандӣ ба моликияти хусусӣ, худкифоӣ, назари дурнамо ба истеҳсолот, истифодаи маблағҳо, ҷалби сармоя, тақвияти бозор, менеҷменти муосир, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тайёр намудани мутахассисонро омӯзонад. 

 Дар ҳамаи ин барномаҳо дастгирии басо муфиди Ҳукуати Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо эҳсос мешавад. Табиист, ки тағйиротҳои куллӣ дар вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва давлатдорӣ таҷдиди ҳамкориҳоро тақозо мекунад. 25 сол пеш Қарордод байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АКДН дар давраи вазъи мушкили сиёсӣ ва авҷи даргириҳои дохилӣ имзо гардида буд. Акнун вазъу имкониятҳо ва сохторҳои идорӣ тағйир ёфтаанд. Ва вақти таҷдиду таҳрири Созишнома фаро расид. Аз ин фосилаи бозбинии лоиҳаҳо ва Созишнома иддае аз ҳасудон суистифода намуда, муносибати сарди тарафҳоро васеъ таблиғ карданд. Алҳол, Созишномаи Ҳамкорӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Соли сипарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳзода Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ дар Париж мулоқоти мутақобилан судманд анҷом дода, дар мавриди тақвияти ҳамкориҳо ва таҷдиди онҳо баъзе камбудиҳои субъективиро зикр карданд. Ҳамзамон, бояд ёдрас кард, ки дар бахши тиҷорат рақобати шадид вуҷуд дорад. Даҳ сол пеш дар Душанбе меҳмонхонаи Серена ягон рақиби тиҷоратӣ надошт. Ҳоло дар пойтахт 12 меҳмонхонаи сатҳҳои баланд хизмат мерасонанд. Ҳамчунин, ширкатҳои алоқаи мобилӣ аз 2 ба 7 адад расиданд. Рақобати тиҷоратиро набояд ба мухолифати идорӣ омехта кард. Бояд зикр кард, ки фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди тиҷорат роҳи васеъ кушодааст. Аз ин рӯ, АКДН лоиҳаҳои дарозмуҳлат ва муҳимро таҳия намудааст. Аълоҳазрат Шоҳзода Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ ба ҳайси раиси АКДН дар ҳар дастуру ҷаласаҳои корӣ бо самимияти том ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Мунтазам таъкид менамоянд, ки пайравони ман бояд аз масъулияти шаҳрвандии худ фаромӯш накарда, қонун ва дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияҳои СҶТ-ро комилан риоя намоянд. Дар мавриди сирояти коронавирус низ чанде пеш ҳидоят дода, зикр карданд, ки пандемия дар давлатҳое, ки интизоми қавӣ ва риояи низоми фосилаи иҷтимоӣ, беҳсозӣ ва фаъолияти муташаккилона доранд, ба таври осон ва камзарар пушти сар мешавад. Ҳамзамон, ишора намуданд, ки офати пандемия пушти сар хоҳад шуд, вале барқарроркунии бахши иқтисодиёт ва равобити серҷонибаи он ба заҳмату меҳнати ҳар инсон ва шаҳрванд марбут аст.

- Муҳтарам Қозидавлат Қоимдодович аз суҳбати Шумо аён гардид, ки корҳои шоёне анҷом пазирфтанд. Имрӯз як тоҷир 25 ҳазор сомонӣ кумак мекунаду вирди забони ВАО аст. Аммо АКДН мутаассифона, бо ВАО суст кор мекунад. Ё ин дастури АКДН аст?

- Ман дар ибтидои суҳбат зикр кардам, ки АКДН бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он дар доираи Созишнома кор мекунад. Ва иттилоотро аз ин сохторҳо дастрас намудан мумкин аст. Дар саховат ду ҷониб яке саховатдеҳ ва дигаре саховатгир аст. Агар саховатдеҳ аз амалаш ситоиш кунад, он саховат маҳсуб нахоҳад шуд. Беҳтараш тарафе, ки кумак мегирад, бе фишор ва ба таври ихтиёрӣ бояд гузориш диҳад. Дар мавриди робита бо ВАО мо мудирияти робита бо ҷомеаро ташкил намудем.

Дар фарҷом ёдрас мекунам, ки АКДН яке аз нахустин ташкилотҳои ҳамкори кишвар буда, танҳо ба ҳадафи рушд, шукуфоӣ ва беҳбуди некӯаҳволии мардум хидмат мекунад. Ҳукумате, ки 28 сол қабл як миллион фирориро ба Ватан баргардонда, алангаи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карда, аз бунбасти шадиди коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари мутаррақӣ табдил ёфт, ба ҳар офат тобовар хоҳад буд.

Ба ҳайси ҳамватан ва шаҳрванди ин кишвар итминони комил дорам, ки ин рӯзҳои басо мушкил, вазъи ба амаломадаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рафъ хоҳад кард. Ҳамзамон, фурсати суҳбат ба ман имкон медиҳад, ки ба ҳамаи беморон ва ниёзмандон шифои комил таманно дорам. Мубориза бо ин беморӣ набард аст. Қаҳрамонони ин набард табибон ва ҳамаи кормандони соҳаи тандурстӣ ҳастанд. Ворисони Ибни Синои бузург, ки ҷаҳон ӯро мунҳайси нахустин табиби бемориҳои сироятӣ ва ихтироъкори   маводҳои ҳифзкунанда аз сироят мешиносад, пирӯз хоҳанд шуд.

Маълумотномаи “Азия-Плюс":

Қозидавлат Қоимдодов ходими намояёни давлатӣ, собиқ Раиси кумитаи аграрӣ ва озуқавории Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои пеш ба ҳайси муовини Раиси Шӯрои Олии ҶТ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳамзамон танзимгари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба АКДН, дипломати рутбаи Сафири фавқуллода ва мухтор, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, Белорусия, намояндаи ваколатдор дар ИДМ кор кардааст. Номзади илми кишоварзӣ, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.