Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар имрӯз ташхисгоҳи вирусологӣ барои муайян кардани бемории COVID-19 ба фаъолият шурӯъ кард.
Чуноне Нурулло Бояков, сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон хабар дод, ташхисгоҳи мазкур дар назди маркази номбурда аз имрӯз ба кор оғоз кард.
“Дастгоҳҳои зарурӣ қаблан дар таҳлилгоҳи мо мавҷуд буд, танҳо аз сабаби набудани мутахассисони омӯзишдида иҷозаи гузаронидани чунин намуди ташхисро надоштем. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва як соҳибкори маҳаллӣ мо ду нафар мутахассисонро ба Пажуҳишгоҳи профилактикии назди Вазорати тандурустӣ фиристодем. Баъди гузаштани давраи омӯзишӣ иҷозаи фаъолиятро дарёфт карда, аз имрӯз, 26 май ба фаъолият шурӯъ кардем” – гуфт Нурулло Бояков.
Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки ин ташхисгоҳ имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150 то 200 таҳлилро дорад ва он барои 14 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон хизмат хоҳад кард.
“Чунин як ташхисгоҳ имрӯз барои гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб дар шаҳри Кӯлоб низ ба кор шурӯъ кард. Айни замон ҳам дар шаҳри Бохтар ва ҳам дар шаҳри Кӯлоб мутахассисони Пажуҳишгоҳи профилактикӣ ба мутахассисони маҳаллӣ тарзу усулҳои гузаронидани таҳлилҳо ва кор бо дастгоҳҳоро омӯзонида истодаанд”, – илова кард Н.Бояков.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста