Дар робита ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равуои шаҳрвандонро аз дигар минтақаҳои вилоят ба шаҳри Хоруғ маҳдуд кард: ба шахсоне, ки аз пойтахт меоянд, ин маҳдудият дахл надорад.

Ғолиб Ниятбеков, котиби матбуотии раиси ВМКБ, ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки ин қарор танҳо ба хотири некӯаҳволии мардум қабул шуда, ин маҳдудият 10 рӯз - шурӯъ аз 23 май давом мекунад.

Ӯ маълумоти як қатор васоити ахбори умумро дар бораи баста будани роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ рад кард.

“Роҳ баста нест, мошинҳои боркаш ба шаҳр меоянд. Автомашинаҳо бо мусофирон зимни зарурат ба Бадахшон омада метавонанд. Лекин ҳукумати ВМКБ аз сокинон дархост мекунад, ки аз сафарҳо ба Душанбе ё аз Душанбе ба Хоруғ худдорӣ кунанд”, - иброз дошт вай.

Ғолиб Ниятбеков ҳамчунин илова кард, ки мутобиқи супориш, ба истиснои кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳукумати вилоят, барои вуруди ҳамаи шаҳрвандони дигар ба Хоруғ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.