Ҳукумати Тоҷикистон санади комиссияи давлатиро дар бораи мавриди истифода қабул гардидани Масҷиди марказии ҷомеи Душанбе тасдиқ кард.

“Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон иншооти мазкурро ба тавозунаш қабул кунад”, - гуфта мешавад дар қарори ҳукумат.

Дар санади комиссияи давлатӣ қайд мешавад, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани иншоот 91,7 млн доллар маблағ сарф шудааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки арзиши лоиҳа 100 млн долларро ташкил дода, 30 млн доллларашро ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро ҳукумати Давлати Қатар ҷудо мекунад.

Дар санади комиссия зикр мегардад, ки сохтмони масҷид моҳи декабри соли 2011 оғоз гардида, 1 декабри соли 2019 ба охир расид. Лоиҳакаши кулли иншоот ширкати “ДАР”-и Қатар ва паймонкори кулли сохтмон - ширкати “СТС-Иншоот”-и Тоҷикистон мебошанд. Дар сохтмони масҷид ҳамчунин 7 паймонкори фаръӣ низ иштирок карданд.

Қаламрави даромад ба масҷид аз се тараф 12 гектар ва майдони ҳавлии он 92 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳамаи камбуду ноқисиҳое, ки дар сохтмони иншоот аз ҷониби комиссияҳои корӣ ошкор гардидаанд, бартараф карда шудааст.

Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон  бо мусоидати раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд.

Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст.

Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра, ҳамчунин боз 20 манораи хурду калон иборат аст.

Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти динии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.