Кумаки мазкур ба беморхонаву дармонгоҳ, шуъбаҳои ёрии таъҷилии шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Бохтар, инчунин беморхонаҳои як қатор ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон расонида шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз “Бонки Эсхата” хабар доданд, намояндагони бонк ҳамроҳи кормандони Бунёди хайрияи “Ормон” аз марказҳои мазкури қабули беморони COVID-19 боздид намуда, воситаҳои муҳофизати инфиродиро ба духтурон тақдим карданд.

“Табибони мо ҷони худро ба хатар гузошта, дур аз наздикону пайвандон шабонарӯзӣ бо ин беморӣ муқовимат доранд ва ҳамаҷониба талош меварзанд, ки беморон худро зери ҳимоя ҳис кунанду ба ҳаросу воҳима наафтанд ва ҳамроҳи онҳо барои ҳаёти худ мубориза баранд. Аз ин рӯ, ба онҳо арзи сипоси беандоза баён намуда, самимона орзу мекунем, ки низоми тандурустӣ ба ин беморӣ ғолиб ояд. Таманнои онро дорем, ки ҳарчи зудтар табибону беморон ба ҳаёти пешина, назди аҳли оилаи худ баргарданд”, - қайд кард сардори шуъбаи маркетинг Маъруфҷон Латифов.

Табибону ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои тиббие, ки ба онҳо кумак расид, ба “Бонки Эсхата” ва Бунёди “Ормон” барои дастгирӣ самимона изҳори миннатдорӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.