Рӯзҳои 28 -29 майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво боқӣ мемонад.

Тавре Агентии обуҳавошинсоии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин вазъият бо баромад ба минтақаи бидуни фишори паст ва антициклонҳои баландкӯҳии гарм вобаста аст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи воридшавии ҳавои гарму хушк аз самти давлатҳои Эрон, Ироқ ва нимҷазираи Арабистон дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур нест.

“Ҳарорати баландтарини ҳаво дар вилояти Хатлон 35+400 гарм ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то +420 гарм пешбинӣ мешавад”, - омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд ҳаво то 32+370 гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳарорати баландтарини рӯзонаи ҳаво дар ҳудуди 25+300 гарм ва дар ноҳияи Дарвоз то +340 гармӣ пешгӯйӣ мешавад.

Ин рӯзҳо дар Душанбе обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат шабона то 20 ва рӯзона 34-36 дараҷа гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.