Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 26 май ба 3 ҳазору 266 нафар расид: давоми як шабонарӯз 166 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба рӯзҳои пешин камтар аст.

Давоми шабонарӯзи гузашта 1 ҳодисаи фавти бемор аз коронавирус сабт шуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия 47 нафарро ташкил медиҳад.

Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то 26 май дар мамлакат 2588 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 436 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Теъдоди умумии шифоёфтагон то ба имрӯз 1 ҳазору 417 нафарро ташкил медиҳад.


Гуфта мешавад, имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шуда, ба табобати беморон машғуланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.