Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 27 май ба 3 ҳазору 424 нафар расид: давоми як шабонарӯз 158 (шабонарӯзи гузашта - 166 ҳолат) ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.

Давоми шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи фавти бемор аз коронавирус сабт нашуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия чун пешина 47 нафар боқӣ мемонад.

Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то 27 май  дар мамлакат 2501 нафар (рӯзи гузашта - 2588 нафар) зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 385 нафар (рӯзи гузашта - 436 нафар) пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Теъдоди умумии шифоёфтагон то ба имрӯз 1 ҳазору 575 нафар (як рӯз пеш - 1 ҳазору 417 нафар)-ро ташкил медиҳад.

Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ ба муолиҷаи беморон машғуланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.