Дар ҳамкорӣ бо мақомоти Ҳиндустон рӯзи 27 май 45 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, аз Деҳлӣ ба Душанбе баргардонида шуданд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, онҳо бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Эйр Индия” ба ватан оварда шуданд.

Бо ҳамин ҳавопаймо шаҳрвандони бар асари пандемия дар Тоҷикистон дармондаи Ҳиндустон ба Деҳлӣ парвоз карданд.

Қаблан як манбаъ дар Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон меоянд, тести ташхиси коронавирус гирифта мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамаи шаҳрвандони аз Деҳлӣ омада ба карантини дуҳафтаина гирифта шудаанд.

“Аз ҳамаи касони ба ватан баргашта тести ташхиси коронавирус мегирем ва агар натиҷаи тест манфӣ барояд, онҳоро ҷавоб медиҳем, лекин агар натиҷа мусбат бошад, барои муолиҷа ба беморхона мефиристем”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, тақдири шаҳрвандони боқимондаи кишвар, ки дар Ҳиндустон ҳузур доранд, алҳол номаълум аст.

Ҳанӯз 19 апрел шаҳрвандони дар Туркия ва Ҳиндустон дармондаи Тоҷикистон ба унвони сарвари давлат бо дархости ба ватан баргардонидани онҳо нома навишта буданд. Он вақт зикр шуда буд, ки беш аз 90 нафар шаҳрвандони мо дар ин кишвар ҳузур доранд, ки аксарияташон барои ҷарроҳӣ ва муолиҷа дар дармонгоҳу бемористонҳои Ҳиндустон ба он ҷо рафта буданд.

Рӯзи 7 май бо хатсайри махсус аз Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббии барои мубориза бо коронавирус пешбинишуда ба Тоҷикистон  ворид карда шуд.

Ғайр аз ин, бо ҳамин хатсайр як миқдор кумаки башардӯстонаи ҳукумати Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморони COVID-19 низ ба Тоҷикистон оварда шуд.

Қобили зикр аст, ки аз 20 май Тоҷикистон ба баргардонидани шаҳрвандони худ аз дигар кишварҳо шурӯъ кард. Тайи рӯзҳои охир тоҷикистониён аз шаҳрҳои гуногуни Русия, Туркия, Украина ва ИМА ба ватан оварда шуданд. Рӯзи 29 май як хатсайри бозгашти шаҳрвандон аз Амороти Муттаҳидаи Араб пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.