Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 28 май ба 3 ҳазору 563 нафар расид: давоми як шабонарӯз 139 (шабонарӯзи гузашта - 158 ҳолат) ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.

Давоми шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи фавти бемор аз коронавирус сабт нашуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия чун пешина 47 нафар боқӣ мемонад.

Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то 27 май  дар мамлакат 2322 нафар (рӯзи гузашта - 2588 нафар) зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 423 нафар (рӯзи гузашта - 385 нафар) пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Теъдоди умумии шифоёфтагон то ба имрӯз 1 ҳазору 674 нафар (як рӯз пеш - 1 ҳазору 575 нафар)-ро ташкил медиҳад.

Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.


Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ ба муолиҷаи беморон машғуланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.