Бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 188 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Дубай ба Душанбе баргардонида шуданд.

Тавре Вазорати корҳои хорҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, онҳо бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд.

Гуфта мешавад, интизор меравад, ки 31 май шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон тавассути парвози чартерии “Флай Дубай” ба Ватан низ баргардонида шаванд.

Қаблан як манбаъ дар Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон меоянд, тести ташхиси коронавирус гирифта мешавад.

“Ҳамаи касони аз Дубай ба ватан баргашта ба карантини дуҳафтаина гирифта мешаванд. Аз онҳо тести ташхиси коронавирус мегирем ва агар натиҷаи тест манфӣ барояд, онҳоро ҷавоб медиҳем, лекин агар натиҷа мусбат бошад, барои муолиҷа ба беморхона мефиристем”, - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр мешавад, ки 27 май кӯмаки башардӯстонаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “ал-Иттиҳод” иборат аз лавозимоти тиббӣ барои мубориза бо бемории Ковид-19 ба Душанбе расида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.