Бо парвозҳои махсуси ширкати “Уральские авиалинии” рӯзҳои 29-30 май 49 шаҳрванди Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ (МНМШХ)-и Русия қарор доштанд, аз Москва ба Душанбе баргардонида шуданд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бо парвозҳои мазкур инчунин 13 ҷасади шаҳрванди кишвар ба Ватан оварда шуданд.

“Ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли ҷорӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби Русия аз МНМШХ-и он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафарро доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, ҷиҳати иҷрои дастури Роҳбари давлат оид ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус (чартерӣ) ба/аз Русия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.